​ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ: БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ҚИСМИ ҲАРБИИ №3501

Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳисси миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои давлатӣ, инчунин шиносоии донишҷӯён бо ҳайати сарбозон ва хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии №3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 200 нафар донишҷӯи Донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Бахтиёр Маҳмудзода ба сухан баромада, аз ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбозон ёдовар шуда, нақши ҷавононро дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар идома, командири қисми ҳарбии №3501-и раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Қандил Раҷабализода доир ба аҳаммияти ташрифи донишҷӯён ба қисми ҳарбӣ ва нақши чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ ва ҳисси ватандӯстиву худшиносии донишҷӯён суханронӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур намунаи равшани ҳамкории муштарак байни вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ба шумор меояд.

Донишҷӯён дар рафти чорабинӣ бо шароити будубоши сарбозон аз наздик шинос шуда, аз намоиши яроқҳои ҷангӣ ва таҷҳизоти ҳарбӣ дидан намуданд.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ситоиши зебоиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ