​Тарбияи ҳуқуқӣ омили ташаккули маърифатии ҳуқуқӣ шаҳрвандон аст

Тарбияи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳими тарбияи миллӣ буда дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон нақши созгор дорад. Бо ин хотир давлату ҳукумати ҷумҳури дар ин бахш тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳадаф аз ин чора ҷӯйиҳо ташаккули шахсиятҳои инсондӯст ва дорои донишҳои зарурии ҳуқуқӣ барои зиндагӣ дар ҷомеа мебошад.

Замоне, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин, демократию ҳуқуқи устуворона қадам мегузорад, пас зарураст, ки тавассути тадбирҳои мушаххасу самаранок фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.

Воқеан, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳама қишрҳои ҷмомеа воситаи асосии таҳкимбахши фарҳанги ҳуқуқист.

Моро зарур аст, ки бо мақсади дуруст бароҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ ва комёб шудан ба ҳадафҳо, оид ба қонуниятҳо, принсипҳо ва мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ фикрҳои худро баён созем.

Исботи ин гуфтаҳо андешаҳои Пешвои Миллат зимни ироаиПаём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 мебошад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки «Дар замони мураккабшавии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъдиди хатарҳои воқеъан нигароникунандаи ҷомеа, моро зарур аст, ки дар дохили кишвар бо мақсади суботу амнияти шаҳрвандон, оромию осудагии халқи азизамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифату фарҳанги ҳуқуқии ҳама қиширҳои ҷомеа тадбирҳои мушаххасро роҳандози намоем. Чун таъмин ва риояи меъёрҳои муқараркардаи давлат омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ва ваҳдату ягонагист».

Умуман тарбияи ҳуқуқӣ воситаи муҳими ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Он раванди таъсири мақсаднок, мунтазам ва мутақобилаи омилҳои обективию субективӣ ба шуъур, ҳиссиёт ва рафтори шахс буда, сатҳи зарурии дар ҳамин ҷамъият қабулшудаи донишу ақидаҳои ҳуқуқӣ, тамоюлҳои арзиши, маҳорату малака, инкишофи муносибати эҳтиромона нисбат ба ҳуқуқ, маҳорати ҳифзи ҳуқуқҳои худ, малакаҳои рафтори қонунии мутобиқ ба арзишҳои ҷамъияти ҳуқуқиро таъмин менамояд.

Фарҳанги ҳуқуқӣ ва таркиби маърифатӣ, ҳиссию арзишӣ ва фаъолияти амалии он дар равандӣ тарбияи ҳуқуқӣ пура ва ҳаматарафа ташакул меёбад.

Ин андешаҳо исботи онан, ки таи даҳсолаи охир таваҷӯҳи Давлату ҳукумати ҷумҳури ҷиҳати такмил ва тақвият бахшидани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон.

Пешвои Миллат аз ҷумла қайд карданд, ки «Дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тазодҳои гуногун онро фарогиранд, хусусан даравандҳои муосири сиёсию иҷтимои, ки хатарҳову таҳдидҳои бештаре дар пай дорад, масъулияти кули шаҳрвандон ва ҳамаи қишрҳои ҷомеъа ба маротиб меафзояд. Боин хотир зарур аст, ки тавасути ҳама чорабиниҳо маърифати шаҳрвандони мо баланд бардошта шавад. Пеш аз ҳама дар самти такмил додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷуҳи бештар дошта бошем».

Ҳадафи тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули шахсиятҳои инсондӯст ва дорои донишҳои ҳуқуқӣ барои зиндагӣ дар ҷамъият аст. Чунин шахс арзишҳои демократиро эътироф намуда, Қонунро эҳтиром ва риоя мекунад. Ва бо мавқеи, фаъоли шаҳрвандияш фарқ дорад ҳуқуқу озодиҳои худро ҳифз намуда, ҳамгирои бо ҷамъияти ҳуқуқӣ ва тадбиқи пураи нақшаҳои ҳаётиро таъмин менамояд. Натиҷаи тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Тарбияи ҳуқуқӣ барои пешгири аз терроризм ба шумова меравад. Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифањои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соња тавассути маќомоти њокимияти ќонунгузорї, иљроия ва судї амалї карда мешавад. Дар замони муосир бисёр аз ҷавонон ва шаҳрванд аз надонистнаи тарбияи ҳуқуқӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуоногун ҳамроҳ мешаванд. Рушди маърифати ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, як рукни муҳим дар такмили давлатдории миллии мо ба шумор меравад

Билохира тарбияи ҳуқуқӣ дар ташаккули шахсияти комил ва ҳаматарафа инкишоф ёфта, шахсияти воқиф аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва шахсияте, ки вазифа ва уҳдадориҳои худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунад.

Файзиев Аҳмадҷон-сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ ДДХ ба номи академи Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ