Тарбияи тафаккури созанда
Тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад, нерӯи зеҳниву ҷисмонии дуруст шинохта шуда, ба самти созандагиву бунёдкорӣ равона гардад. Меҳнатдӯстӣ чун унсури асоси ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи суботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат замина мусоид мегузорад. Дар ҳақиқат, меҳнат ҳам шахсро тарбия мекунад ва ҳам ӯро ба дастовардҳои баланд мерасонад. Ба андешаи донишмандон, дар бунёд ниҳодани бинои рӯзгор мақоми амал - меҳнату заҳмати шахсӣ ивазнопазир аст. Меҳнат на танҳо дар бунёди бинои рӯзгор, ҳатто, дар ҷодаи ба сатҳи шахсият расидани ҳар нафар мақоми асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бойи шахсиятҳои варзида ин ҳамон натиҷаи маҷмӯи меҳнату заҳматҳое ҳастанд, ки дар давраи муайян анҷом додаанд.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҳассоси замони имрӯз, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонони кишвар дахл дорад, торафт доман паҳн намудани идеологияҳои бегона ва зудбоварии ин қишри ҷомеа ба ҳаргуна ваъдаҳои беасоси созмонҳои ифротӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, бештар вақт ҷавонон бо сабабҳои паст будани маърифати динӣ, фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ, мушкилотҳои иҷтимоӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ гашта, вориди созмону ҳаракатҳои ифротгароёнаи динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд. Аз рӯи оморҳои мавҷуда, аксарияти онҳое, ки ба созмони бо ном «давлати исломӣ» ҳамроҳ шуданд, аксарият ҷавонон буда, бо роҳҳо ва мақсадҳои гуногун вориди хоки давлати Ироқ гардиданд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҷавонони тоҷик ба яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мубаддал гардидаанд, ки аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву динӣ ва қудратҳои хориҷӣ барои пиёда намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамояд. Бо ҳамин далел ва сабабҳои дигар имрӯз барои ҷавонон доштани маърифати баланди сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад, то ки онҳо фирефтаи созмонҳои сиёсиву динии ифротӣ нагарданд. Ҳизбу созмонҳои ифротгароии дар ҷомеаи имрӯза зуҳур ва фаъолият дошта, пуштибони хориҷӣ дошта аз рӯи ҳадафҳои муайяни сиёсиву идеологӣ ва геополитикӣ амал менамоянд. Ҳамаи ҳизбу созмонҳои то имрӯз ба вуҷуд омада аз фурсати муносиби мавҷуда, яъне аз камсаводии динии ҷавонон ва шароити иҷимоиву иқтисодии ҷомеа истифода мебаранд.
Мо набояд фаромӯш созем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз пайдо гардидани ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ, лидерони ғайрирасмӣ ва дастгирии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сиёсии беруна боиси ҷанги дохилӣ, ҳалоқати ҳазорҳо шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги молӣ гардид. Аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Чуноне ки дар ин иртибот Пешвои миллат зикр намудаанд: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем». Пас, моро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем ва камтарин ҳиссаи хешро баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон гузорем.
Саидакбар Қуддус