Тарбияи ахлоқии ҷавонон -омили муҳими муқовимат ба терроризм ва экстримизм
Дар шароити нави инкишофи олам, ки муборизаи абарқудратҳо шиддат гирифтааст, дарки арзишҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи амнияти иҷтимоӣ, муқовимат ба экстремизм, терроризм ва радикализм муҳим аст.
Солҳои охир фаъолияти давлату Ҳукумат дар самти амнияти кишвар тақвият ёфта, ба ташаккули тафаккури сиёсии мардум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва болоравии ҳисси худшиносиву худогоҳӣ заминаи мусоид гузоштааст.
Татбиқи амалии нишондиҳандаҳои асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба эктремизм”, ”Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ”Дар бораи амният”, ”Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ”Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Консепсияи миллии тарбия дар Ҷуҳурии Тоҷикистон”, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад.
Дар ин радиф ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии ҳар гуна падидаҳои номатлуб ҳиссагузор бошад.
Ифротгароӣ, экстримизм ва терроризм имрӯз барои аҳли ҷаҳон хатарноктарин падида аст. Ин вожаҳо назария ва амалияи як раванд аст. Ноором кардани вазъи ҷаҳон, ваҳмангези, ба амал овардани ҷиноятҳои байналмиллалӣ, ба амал овардани таркишҳо, гарм кардани бозори яроқ, маводи муқадир бераҳмонатарин кушторҳо, таҷовуз ва шарафу нангу номус ва даҳҳо ҷиноёти даҳшатноку ваҳшатбори дигар аз мисолҳои равшани ин падидаҳост.
Инсони бедониш ба мисли кӯр аст, ки ҳатман бояд касе аз дасти ӯ бигирад ва ба куҷо бихоҳад, бибарад. Мисоли оддӣ ин аст, ки давлатҳои тараққӣ доранду соҳиби дунё ҳастанд, ки бонувонашон донишманду озоду ҳунарманд буданд.
Шарҳи ҳоли аксари олимону ихтироъкорону тамаддунофаронро биёмӯзем, модарашон фарзонаву боиффат будааст. Чунки бештар мард ба таъмини моддии оила машғул асту тарбияти фарзанд асосан кори зан аст. Ва чун зан устоди аввалини башар аст, ҳаққи бесаводу бемаърифату бефарҳанг будан надорад.
Мо агар тараққиёту пешрафтро хоҳем, пеш аз ҳама бояд занонро ба тараққиёту тамаддун бирасонем. Авангарди ҳар ҷомеа зан аст, чун устоди аввалини башар аст. Хишти аввалро ӯ мегузорад.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Баъдан бояд ба занони донишманд имкон дод, ки то ба нафъи ҷомеа кор кунанд. Чароғдори роҳ, донишмандонанд, ки ҳамаро ба пеш ба суйи нуру равшанӣ мебаранд ва фарқ надорад онҳо зан ҳастанд ё мард. Муҳим он аст, ки донишманданд, аҳли нуранд...
Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ингуна зуҳуроти номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифродгаро мегардад.
Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.
Мутаассифона, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки як зумра ҷавонон зери таъсири сомонаҳои интернетӣ, ки фаҳшу зӯровариро тарғиб мекунанд, даст ба қонуншиканиву ҷиноят мезананд.
Бетарафию камтаваҷҷӯҳии падару модарон дар чунин ҳолатҳо хатари густурдатар шудани тарғиботи ифротгароёнро ба миён меорад. Бинобар ин падару модарон дар масъалаи шинохту масъулияту рисолати азалӣ ва таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳама гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди экстремизму терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули қонун, мафҳуми терроризм, фаъолияти террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд.
Дар баробари ин, 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифродгароӣ)” қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун, мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.
Дар баробари қонунҳои мазкур, инчунин консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қабул шудааст ки дар он нуқтаҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва мубориза бар зидди экстремизм инъикос ёфтааст. Дар консепсияи мазкур ҳадафҳои асосии қабули он ва таҳдиди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта нишон дода шудааст.
Илова бар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2018, таҳти №1033 Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 қабул шуда, консепсияи мазкур принсипҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо қонунигардонии (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳадафҳои стратеги ва самтҳои асоси рушди минбаъдаи низоми миллӣ, инчунин вазифаҳо доир ба татбиқи онро муайян менамояд.
Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавии кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри рушди тафаккури насли наврас ва ҷавонон, тақвияти зиракии сиёсии худ ва фарзандон, огоҳсозии ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумии касбии кишвар ҳангоми корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ саъй намоем, онҳоро аз пайомади зуҳуроти номатлуби ҷоҳони муосир- терроризм ва экстремизм воқиф созем.
Баланд бардоштани сатҳи маърифти ҷавонон яке аз омилҳои асосии пешгирии гаравиши ҷавонон ба ифротгароӣ ва гурӯҳҳои тундрав аст, зеро пеш аз ҳама, дур будан аз донишу маърифат ва бехирадию тангназарии ҷавонон боиси гумроҳии онҳо, даст задан ба терроризму экстремизм ва дар ниҳоят, доғдор шудани ному талх гаштани ҳаёташон мегардад.
Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамалакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо ҳоҳад буд.
Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣбояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо қарор дошта бошанд.
Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣзаминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.
Сидиқова П. И. н.и.п. ,муаллимаи кафедраи психологияи умумӣ МДТ “ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”