​Тарбияи ахлоқии ҷавонон – омили муҳими муқовимат ба терроризм ва экстремизм

Дар «Консепсияи миллии тарбия» мавқеъ ва мақоми махсусро тарбияи ахлоқии наврасон ва ҷавонон ташкил медиҳад.

Тарбияи ахлоқӣ ин таъсир ба дунёи маънавии шахс аст. Ин сифатҳо на танҳо дар инсон фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштӣ, ростқавлӣ, ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд. Ҳамаи дигар унсурҳои тарбияи миллӣ дар худ ғояҳои ахлоқию маънавӣ доранд. Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад.

Таҳқиқи муаммоҳои мубрами тарбияи ахлоқии ҷавонон, ва алалхусус ҷавонони донишҷӯ хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошад. Ин бо омӯзиши ташаккули шуури ахлоқӣ ва рафтори ахлоқӣ вобаста аст. Аз ин нуқтаи назар аҳамияти махсусро таҳқиқи донишҳои ҳаётӣ ахлоқӣ дар шакли таҷрибаи ҳаётӣ ахлоқӣ, ки онро ҷавонон аз ҳаёти ҳамарӯза мегиранд ва донишҳои китоби ахлоқӣ, ки онро дар раванди таълим ва худомӯзӣ мегиранд, аҳамияти махсус касб менамояд. Дар ин бобат ҳамчун унсури системаи донишҳои ҳаётӣ ахлоқӣ муносибат, муомила, муоширати донишҷӯён бо устодон ва бо ҳамдигар ва ҳамчун унсури системаи донишҳои китоби ахлоқӣ омӯзиши адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ доир ба ахлоқ таҳқиқи махсусро тақозо менамояд.

Дар ҳамин асос муайян намудани мақсаду вазифаҳои тарбияи ахлоқии донишҷӯён яке аз муаммоҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар асоси муайян намудани мақсаду вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ интихоби мазмун ва мундариҷа, интихоби роҳҳои самараноки риояи принсипҳои тарбияи ахлоқӣ, истифодаи самараноки методҳо ва шаклҳои тарбияи ахлоқӣ бояд мавриди назар гардад. Ҳамчунин муайян намудани мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ бо доираи муаммоҳои ахлоқии ҷомеа вобаста аст. Омӯзиши ин муаммоҳои ахлоқии ҷомеа сабаб ва натиҷаи худро дорад. Коҳиш ёфтани ахлоқи қисме аз ҷавонон, ҳарчанд, ки кам бошанд ҳам аҳли ҷомеаро ба ташвиш меоварад. Ин аз ҷумла шомил гардидан ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ хатари калонро эҷод менамояд. Барои чӣ онҳо роҳи хунрезиро интихоб менамояд? Барои чӣ дар ин замина сухану рафтори тарбиятдиҳандагон, омӯзгорон ва падару модарон ба шуур ва рафтори онҳо бетаъсир мемонанд? Оё ин муаммо, масъала дар адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ ба таври бояду шояд инъикос ёфтааст? Оё ин муаммо дар таърихи гузаштаи ватанию хориҷӣ вуҷуд дошт, ва оё он дар адабиёти илмӣ, бадеии он давра инъикос ёфта буд? Доири ин гуна саволҳо ва масъалаҳо омӯзиши амиқу таҳқиқи ҳаматарафаи васеъро тақозо менамояд. Дар доираи ин гуна масъалаҳои ахлоқӣ муайян намудани мафҳуми “Қаҳрамони даврони мо”, “Муаммои муносибати волидон бо фарзандон” муҳим мегардад. Зеро корманди идеали ахлоқӣ, муносибатҳои идеалии волидон бо фарзандон, омӯзгорон бо донишҷӯён аз нуқтаи назари ахлоқӣ аҳамияти калони илмӣ- таҳқиқиро доро мебошад. Ҳаллу фасли муаммоҳои ахлоқии хусусияти умумибашарӣ дошта ва хусусияти халқию миллӣ дошта дастаҷамъии умумибашарӣ ва ваҳдати миллиро тақозо менамояд.

Ҳар як миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умед мекунад, ки ободгару созанда ва бунёдкори давлату Ватан ба камол расанд.

Дар ин замони ҳасоси таърихӣ ҷараёнҳои сиёсӣ ва ифротию харобовар дар бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талош доранд, ки ҷавононро ба доми харобиовари худ дарорад.

Мавзўи экстремизми динӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки имрўзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, аҳли ҷомеаи мутамаддинро бетараф гузошта наметавонад. Дар воқеъ ба ҷавонон таваҷҷўҳи бештар лозим меояд, зеро ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишавад, на ба сўи харобкориву ғоратгарӣ, ифротгариву тундгароӣ ва терроризм.

Таҳдиди зуҳуроти харобовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрўз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст. Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳими ҳар як фарди бонангу номуси чомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рўзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ў таҳдид мекунад. Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрўз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.

Ҳамчунин мақоми адабиёт, аз ҷумла адабиёти хориҷӣ аҳмияти калони ахлоқӣ дорад. Ин аз он сабаб аст, ки доираи муаммоҳои ахлоқии ҷомеа имрӯз ба ҷои кам гардидан афзоиш ёфта истодааст, ки он муносибатҳои иҷтимоиро сард ва тезутунд карда метавонад.

Муносибати одамон бо ҳамдигар бояд, ки ба меъёрҳои ахлоқӣ умумибашарӣ ва ахлоқу фарҳанги миллӣ ҷавобгӯ бошад, вагарна берун баромадан аз доираи меъёрҳои ахлоқӣ ва ташаккули шуури ахлоқӣ рӯҳии инсон, аз ҷумла ҷавонон, ва алалхусус ҷавонони донишҷӯ таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз таъсири Интернет ба шуур ва рафтори ахлоқии ҷавонон бузург аст. Инро нодида гирифтан нодуруст аст .Он ҳам таъсири манфии ахлоқи расонда метавонад. Барои ҳамин ҳам дар ин ҷо назорати ахлоқи лозим аст. Ин яке аз вазифҳхои асосии тарбиятдиҳандагон ба ҳисоб меравад .

Лекин мақоми китоб, адабиёт ба шуур ва рафтор ва фарҳанги ахлоқии ҷавонон дар шароити муосир аз нав, аз лиҳози шароити нави сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди назар гирдид. Оё адабиёти имрӯза, аз ҷумла адабиёти хориҷӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои ахлоқӣ ҳисса гузошта метавонад? Ҷавоби ин муаммои ахлоқӣ тадқиқоти махсуси илмӣ методиро талаб менамояд. Оё адабиёти хориҷӣ он муаммои ахлоқиро ва роҳҳои ҳаллу фасли онро бо таври бояду шояд инъикос менамояд? Оё худи тарбиятдиҳандагон аз ин адабиётҳо воқеанд? Вобаста ба ҳамин беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи тарбияи оилавии ахлоқӣ, тарбияи мактаби ахлоқӣ, аз ҷумла тарбияи ахлоқӣ дар мактаби олӣ мавриди назар гардад. Дар маҷмӯъ ҳамаи ин коркарди асосҳои методологии махсусро вобаста ба хусусиятҳо ва роҳҳои ҳаллу фасли муаммоҳои ахлоқиро тақозо менамояд.

Дар шароити муосир таҳқиқоти илмӣ бояд хусусияти яклухт ва силсилабандро доро бошад. Ин гуна методология ба ҳамгироии илмҳои гуногун, дар мавриди таҳқиқоти мо он ҳамгироии илмҳои фалсафа, этика, эстетика, педагогика, равоншиносӣ ва адабиётшиносиро тақозо менамояд, зеро муаммоҳои ахлоқӣ ва роҳҳои самараноки ҳаллу фасли онҳо масъалаи бисёрҷабҳа мебошад. Ҳар як ҷабҳа ҳамчун як унсури системаи тарбияи ахлоқӣ бояд, ки мавриди назар гардад. Мавриди назари таҳқиқӣ гардидани ҳар як ҷабҳа барои комплексӣ, яъне яклухт баррсӣ намудани он имкон медиҳад.

Аз ин лиҳоз ташаккули шуур ва рафтори ахлоқии – эстетикии омўзгорони оянда аҳмияти калон дорад. Зеро онҳо тарбиядиҳандагони насли наврас маҳсуб меёбанд.

Дар назди тарбиядиҳандагон вазифаи ниҳоят муҳим меистад, зеро имрўз пўшида нест ки дар масъалаи тарбия бисёр масъалаҳои мушкил мураккаб ва ҳалталаб истодаанд. Даъвати А.С. Макаренко - «Ягон фоиз нуқсон дар тарбия набояд бошад».

Афсўс, ки имрўз ҳамчун орзу боқи мемонад, ки ба он на ҳамаи тарбиядиҳандагон бовар мекунанд. Омўзгорони оянда яъне донишҷўён аввал худашон бояд ҳамчун тарбиядиҳанда дорои ахлоқи ҳамида бошанд, бо рафтору кирдори худ ба насли наврас намунаи ибрат бошанд. Дунёи ботинии онҳо зебою рангин бошад. Барои ин дар мактаби олӣ онҳоро омода намудан шарт ва зарур аст. Аллалхусус омўзиши асарҳои бадеӣ таҳлили ахлоқи ҷомеа дар ин ё он давраҳои таърихӣ таҳлили ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони асар воситаи тавонои тарбиявӣ гардида метавонад. Дар ин бобат на танҳо асарҳои шоирон, нависандагон ва мутафаккирони халқи тоҷик боз асарҳои шоирон нависандагон ва мутафаккирони хориҷӣ низ мақоми бузургро мебозад.

Аз ин ҷиҳат омўзиши забонҳои хориҷӣ вобаста ба вазифаи тарбиядиҳандагии онҳо ҷоннок намудан лозим аст. Ҳар як сифати ахлоқиро дар асоси мисолҳо аз ин ё он асарҳо аз гуфтору рафтори қаҳрамонони асар таҳлил намудан мумкин аст. Ору номус, шараф, виҷдон, сифатҳои беҳтарини инсон ба ҳисоб меравад. Яке аз талаботҳои асосии ору номус аз он иборат аст, ки ҳуқуқро аз болои аз ору номуси худ ба дигарон додан лозим нест.

Фаҳмиши субъективии ору номус ва виҷдон худ ба худ нозук аст. Танҳо як худи шубҳа ба хиёнат боиси фоҷиа шуданаш мумкин аст. Хиёнат ба ору номус ба виҷдон, ба Ватан боиси ташаккули муҳаббат, дўстӣ, қарз, хушбахтӣ ва моҳияти ҳаёт бояд дар асоси ахлоқ, инъикоси ахлоқ дар адабиёти бадеӣ мадди назар гардад.

Хоҳиши шахс кўшиши ў ба озодии шахсияти худ ба зидияти на ба зидияти тақдир балки ба шароити худи ҳаёт рў ба рў мегардад. Барои ҳамин ҳам озодии шахс заминаи лозими фароҳам меоварад дар асарҳои шоирон, нависандагон мутафаккирон бояд, ки истиқлолияти миллли ҳамчун омили озодии шахс инъикос ёбад. Барои ҳамин ҳам таҳлили асарҳои беҳтарини шоирон, нависандагон ва мутафаккирони бузурги дунё тавассути муқоиса хулосабарорӣ ва ҷамъбасткунӣ имкон медиҳад, ки омўзгорони оянда аз ҳаёт ва фаъолияти одамони гуногуни дунё тасаввурот пайдо намоянд.

Дар пешгирии терроризм ва экстремизм амали якҷоя мебояд. Танҳо бо қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза бурдан бо гурўҳҳои ифротӣ кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама якдилу якмаром бошем ва пайи ободиву гулгулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем, худшиносу ватандўсти асил бошем.

Нажмидинова Таҳмина, н.и.п., муаллими кафедраи умумидонишногҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ