ТАНОСУБИ ЗАБОН ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ АЗ ДИДГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Забон натанҳо воситаи баёни фикр ва василаи барқарор намудани иртибот байни одамон, яке аз заминаҳои ба вуҷуд омадани ҷамъият ва пайвандагири дирӯзу имрӯзу фардо, оинаи тамомнамои халқу миллатҳо ба шумор меравад, балки он бунлоди маънавият ва рукни ҳастии миллату давлатҳо мебошад.
Вақте сухан дар бораи аҳаммият ва мақоми забон дар ҷамъият меравад, бояд дар хотир дошт, ки замоне башарият дар рубъи маскун зиндагиро оғоз намуд ва ҳанӯз аз донишу маърифат, фарҳангу тамаддун ва илму ҷаҳонбинии он дараке набуд, аллакай соҳиби забон буд. Пас, мусаллам аст, ки асоси ин ҳама забон мебошад ва ҳар касе, ки забонро нодида мегирад ва онро камаҳаммият мешуморад, яқинан ӯ асосу таҳдоби маънавияёту хиради миллатро нодида мегирад.
Дар қатори он вазифаҳое, ки тазаккур ёфт, мавқеъ ва ҷойгоҳи забон дар умури идорӣ ва давлатдории миллӣ назаррас мебошад, ки мо ин функсияро дар рисолати забони тоҷикӣ дар тули таърихи ҳастияш ба хубӣ мушоҳида карда метавонем. Махсусан, он забонҳое, ки қудратманду тавоно ҳастанд ва алайҳи таҳоҷумҳои забониву фарҳангӣ ва фишорҳои сиёсиву мафкуравӣ пойдору устувор ҳастанд, дар ташаккули давлатҳо, ба вуҷуд омадани тафаккури миллӣ ва хештаншиносии он нақши мондагор доранд.
Дуруст аст, ки дар дунё аз мавҷудияти дуним то панҷ ҳазор забон дарак медиҳанд, аммо рисолати созандагӣ, воситаи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва пойдевори тафаккури миллӣ будан, василаи ба вуҷуд овардани адабиёти оламшумул, рукни ҳастии давлату миллат гардидан ва дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудани мақому манзалати вежа на ба ҳамаи забонҳо муяссар мегардад. Забони тоҷикӣ дар тули таърихи беш аз сеҳазорсолаи худ ҳамаи вазифаву рисолатҳои мазкурро сарбаландона иҷро намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби ҷойгоҳи воло гаштааст. Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ дар масири таърихи пурвартаи худ ҳамеша забони шеъри ноб, забони илму ҳикмати воло, панду андарз, суханони созанда ва дину давлатдорӣ буд ва дар ҳеҷ марҳилаи таърихӣ ин риштаи рисолати он гусаста нашудааст. Чунонки аз осори таърихиву илмӣ маълум аст, забони тоҷикӣ барои аксари сулолаҳои таърихӣ, амсоли Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён, Тоҳириёну Саффориён, Сомониёну Ғазнавиён, Темуриёну Сафавиҳо, Шайбониҳову Манғитиён забони расмиву идорӣ буд, ки тамоми ҳуҷҷатгузорӣ бо ин забон сурат мегирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин рисолати забони тоҷикӣ дуруст қайд мекунад, ки «забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд».
Ҳамчунин, дар ҳамаи адворе, ки зикрашон рафт, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илму фарҳанг, дину давлатдорӣ ва адабиёт рисолат ва вазифаи худро ба субут расонидааст. Маҳз ҳамин корбаст гардидан ва аз мақоми воло бархӯрдор будани забони тоҷикӣ боис шуда, ки дар ҳар се давраи таърихи таҳаввули он осори хаттӣ то замони мо омада расидааст. Ҳақ ба ҷониби Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид мекунад: «баъзе забонҳои эронӣ (маслан, забони тоҷикӣ – форсӣ) барои тамоми давраҳои инкишофи худ, албатта аз лиҳози замонӣ нобаробар, осори хаттӣ дорад, вале аксари забонҳои эронӣ на танҳо барои ҳар се марҳила осори хаттӣ надоранд, балки худи пайдоиши ин забонҳо ба давраҳои гуногуни ин даврабандӣ рост меояд».
Нуктаи дигаре, ки аз шаҳомати забони тоҷикӣ ва мақоми баланди он шаҳодат медиҳад, ба ҳайси забони расмӣ ва василаи баёни фикру аҳволи ботин интихоб шудани ин ҳуҷҷати ҳастии миллати тоҷик аз ҷониби ақвоми ғайр мебошад, ки ҳатто иддае аз онҳо ҳеч иртиботи генетикӣ ба халқиятҳои эронӣ надоштанд. Дар асоси мадракҳои таърихие, ки то ба 30 имрӯз ҳифозат шудаанд, пайдост, ки пас аз суқути Сомониён ҳарчанд зимоми давлат дар дасти хонадонҳои ғайриэронӣ буд, вале низоми давлатдории онҳоро наметавон комилан ғайритоҷикӣ донист. Зеро дар ҳукумати онҳо ашхосе, ки дар идора намудани давлат нақши созгор доштанд, асосан тоҷикон буданд ва забони расмиву давлатияшон забони тоҷикӣ буд. Бо таъбири Эмомалӣ Раҳмон «ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адабӣ давлати Салҷуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмат ва шеъру адаби аҳли Хуросони бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам шуда буд».
Садсолаҳо ба ҳайси забони расмӣ корбаст шудани ин забон дар сарзамини Ҳинд, ба вуҷуд омадани суханварони порсигӯйи ҳиндунажод, тавдвини садҳо асари лексикографӣ, мураттаб гардидани тазкираву ҷунг ва баёзи суханварони форсии тоҷикӣ дар Шибҳи Қора дурустии андешаи Пешвои миллатро таъйид мекунанд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби шоҳону амирони ғайриэронӣ қабул шудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони идориву омӯзиш далели дигаре мебошад, ки метавон махсус зикр намуд. Чунонки қаблан тазаккур ёфт, аксари туркнажодоне, ки дар қаламрави забони форсии тоҷикӣ ва ҳатто берун аз он ҳукумат кардаанд, забони давлатдорияшон забони тоҷикӣ будааст. Чаро онҳо на забони модарии худ, балки забони тоҷикро барои идора намудани ҳукумати хеш корбаст мекарданд? Омили асосии интихоби забони тоҷикӣ аз ҷониби хонадонҳои ғайритоҷикӣ барои умури идориву коргузории расмӣ азамату бузургии забони тоҷикӣ ва мақоми волову ҷойгоҳи баланди он мебошад. Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ фақат воситаи муошират набуда, дар паси он адабиёти беназир, фалсаву ҳикмат, илму ирфон ва дар маҷмуъ, маънавиёти беназире мавҷуд аст, ки ҳамаи тасарруфкорони қаламрави худро маҷбур намуд, ки наздаш зону бизананд. Олимон дуруст қайд намудаанд, ки «забони тоҷикӣ дар тамоми даврони ҳукмронии Темуриён забони расмӣ ва дарбори онҳо буда, тамоми коргузорӣ, дафтардорӣ, муросилот, идора ба ин забон сурат мегирифт. Ҳатто муҳри шахсии Амир Темур ба забони тоҷикӣ буда, дар он суханони «Ростӣ, растӣ» ҳаккокӣ шуда буд. Чанде аз номаҳои худи Темур имрӯз дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфуз мондааст, ки аксаран ба забони тоҷикӣ ва қисман ба забони арабӣ иншо шудаанд».
Аз ин иқтибос маълум мегардад, ки мавқеи забони тоҷикӣ дар умури идории хонадони Темуриён басе баланд буда, дар муҳри шахсии ӯ ҳак шудани вожаҳои тоҷикӣ ва дар мукотиботаш корбаст гардидани забони тоҷикӣ далели бузургии ин забон мебошад. Магар Темур наметавонист барои муҳр ва мукотибот забони модарии хешро интихоб намояд, аммо азамат ва бузургии забони тоҷикӣ ӯро водор намуд, ки калимаҳоро аз ин забони неруманду оламшумул баргузинад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро дар миёни ҳамаи забонҳо қуръаи фол ба ном забони тоҷикӣ зада шуд ва соҳибони забону бегонагон рӯйи аҷзу ниёз ба остони он оварданд ва баҳри расидан ба мақосиди хеш панҷа ба домони он заданд? Олимон дуруст таъкид кардаанд, ки арсаи сиёсат саҳанаи набарду сабқати забонҳо аст. Пирӯзӣ насиби он забонҳое мешавад, ки қавию устуворанд ва соҳибонашон аз мавқеи муҳимми маъанавию динӣ ва сиёсиву мафкуравӣ баҳраманд ҳастанд. С. Ятимов доир ба ин масъала қайд менамояд, ки «майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад. Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта – рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад».
Пас маълум мешавад, ки мардуми тоҷик дар тули таърих ҳамеша аз мавқеи чашмраси маънавию сиёсӣ бархӯрдор будааст, ки забони эшон ҳамеша мақоми воло ва мавқеи устуворро соҳиб будааст. Ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки «омили асли ба вуҷуд наомадни ассимилиятсияи забони тоҷикӣ ва эмин мондани тоҷикон ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ забон ва абармардони миллат буданд».
Забони тоҷикӣ дар қаламрави паҳновари ислом пас аз забони арабӣ дар ҷои дуюм меистад, ки ин ҷойгоҳи ӯ шаҳодат аз мавқеи баланди он дар иҷрои умури динӣ медиҳад. Ба вуҷуд омадани нахустин тарҷумаҳои тоҷикии китоби муқаддаси Қуръон ва нияти намоз намудан ба ин забон далели мақоми шоистаи ин рукни ҳастӣ дар давлатҳои он рӯзгор мебошад. Академик Б.Ғафуров қайд менамояд «ҳодисае маълум аст, ки соли 728 яке аз воизони дини ислом аз тарғиби дин дар Самарқанд фақат ба ҳамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро бахубӣ намедонистааст».
Аз иқтибоси зикршуда бармеояд, ки ҳарчанд арабҳо дар сарзамини аҷдодии мо тавонистанд дини исломро ҷорӣ намоянд, аммо муваффақ нашуданд, ки забони тоҷикиро таҳти тасаллути забони хеш қарор диҳанд. Зеро забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ нагузошт ҳеҷ забоне ҷои ӯро дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, адабиёту фарҳанг, илму маданият, ирфону хирад ва дину оин танг созад. Зикр намудани андешаи Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала ба мақсад мувофиқ аст: «Маҳз бо кӯшиши Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳаммияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст».
Мусаллам аст, ки дар миёнаи ҳамаи он падидаҳое, ки ба забон таъсири назаррас мегузоранд, ҷаҳонбинии динӣ дар ҷои аввал қарор дошта, ин раванд дар тули таърих сабаби аз байн рафтани забонҳои бешумор шудааст. Ба вуҷуд омадани дини ислом ва сарнавишти як қатор забонҳо сиҳатии ин андешаро таъйид мекунад. Айнан ҳамин фишору мушкилот ба сари забони тоҷикӣ оварда шуд ва бо эътирофи аҳли тадқиқ «ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳанги исломӣ дохил гардидан, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва ба роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириё, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд».
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо вуҷуди он ки қаламрави бузурги забони тоҷикӣ борҳо мавриди таҳоҷуми аҷнабиён қарор гирифт ва аз юнониҳо то арабу чингиз ва ақвоми мухталифи бодиягарди туркнажод ва русҳо ба сарзамини мо омаданд, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо натавонист ин забони оламгирро аз арсаи ҳастӣ барканор намояд? Мусаллам аст, ки иддае аз ин ҳуҷумгарон аз саводу фарҳанги таъсиррасон маҳрум буданд ва ин омил боис шуд онҳо натавонистанд таъсири босазое ба забону фарҳанг ва расму оини мо дошта бошанд. Аммо қисме аз онҳо дорои забони қавӣ, фарҳангу тамаддун ва дини ҷавобгӯ ба меъёрҳои башарият буданд, вале онҳо ҳам дар ҷодаи мағлубияти забони тоҷикӣ муваффақ нашуданд. Чаро арабҳо, ки таҷрибаи хуби фишор овардану аз саҳанаи таърих барканор намудани забонҳо аз роҳи дину фарҳанги исломӣ ва забони худро доштанд, забонашон натавонист дар рақобат ба забони тоҷикии форсӣ ғолиб ояд? Аз навиштаи Абубакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ва сарчашмаҳои дигар маълум аст, ки вақте арабҳо дар Бухоро пирӯз шуданд ва дар он ҷо сукунатро ихтиёр карданд, мардум таҳҷоиро водор намуданд, ки қисме аз хонаҳои худро ба арабҳо вогузор намоянд, то битавонанд иҷрои умури диниро назорат созанд. Ва ҳатто истифода намудани роҳҳои иқтисодӣ барои ҷалбӣ мардум баҳри ба арабӣ намоз гузоридану рӯзи одина ба масҷиди ҷомеи Мох омадан дар Бухоро намунаи барҷастаи фишорҳо аз роҳи дину иқтисод ба забони тоҷикӣ дар зодбуми худ мебошад.
Чанд омили асосӣ аст, ки ба андешаи мо нагузоштанд, ки сарнавишти забонҳои қибтиву суриёнӣ барои забони модарии тоҷикон такрор шавад:
1. Нахуст, забони тоҷикӣ дорои сохтори ниҳоят устувору тобоваре мебошад, ки ба осонӣ таъсир намепазирад;
2. Сониян, ин забон аз замони Ҳахоманишиҳо аллакай таҷрибаи муборизаву муқовимат алайҳи забони қавмҳои таҷазовузкору тасарруфкорро дошт, ки минбаъд онҳо ба кор омаданд ва дар давраҳои баъдӣ ин таҷрибаҳо пурзӯр гардиданд;
3. Сеюм, мавҷудияти осори хаттӣ бо ин забон мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки ин забон дар ҳамаи мароҳили таърихи таҳаввули хеш намунаҳои осори хаттӣ дорад, ки метавон онҳоро дар пойдормонии ин забон заминаи муҳим ба ҳисоб овард;
4. Чорум, пуштибониву ғамхорӣ аз ҷониби зимомдорон ва соҳибони забон низ боис гаштааст, ки ин забон асолати хешро нигоҳ дорад. Далели ин гуфтаҳо рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва даврони Истиқлоли сиёсиву забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунонки дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори илмиву адабӣ зикр шудааст, забони тоҷикӣ дар тули таърихи ҳастии худ, дар баробари он ки забони илму адаб, фарҳнгу дин ва давлатдориву ҳукмронӣ буд, ҳамеша мавриди имтиҳоноти сангину сарнавишсоз қарор мегирифт. Сарнавишти ин забон шоҳиди ҷонбозиву ҷонисориҳои намояндагонаш дар масири таърих мебошад, ки онҳо худро қурбон намуданд, ки ин ҳуҷҷати ҳастӣ дар амон бошад. Пас аз омӯзишу баррасии таърихи забону фарҳанги миллати тоҷик Пешвои миллат таъкид мекунад, ки «Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд».
Зикр намудан бамаврид аст, ки дар саҳани таърих халқҳое, ки соҳиби давлат буданд зиёданд, аммо миллатҳое, ки дорои давлати миллӣ буда, дар идора намудани он забони модарии худро истифода бурдаанд, кам мебошанд, ки хушбахтона миллати тоҷик ҷузви ҳамин гурӯҳи андак мебошад. Маълум аст, ки «забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули он дар мақоми забони давлатӣ рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад».
Бо дараназрдошти ҷойгоҳи волои забон ва нақши он дар ташккули тафаккур, худшиносиву худогоҳии миллӣ, шаклгирии фарҳангу тамаддун, давлатдорӣ ва ҳифозати таърих, расму оини аҷдодӣ ба ин масъала аз ҷониб Пешвои миллат таваҷҷуҳи вежа равона шудааст. Дар мақолаву китобҳо ва баромаду гузоришоти худ доир ба таносуби забон ва давлатдории миллӣ андешаҳои судманд баён кардаанд, ки дар чаҳорчӯбаи танги як мақола арзёбӣ намудани ҳамаи он ғайриимкон мебошад.
Толиб Ваҳҳобов,
Абдуманнон Одинаев,
устодони Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»