Тангназарон ҳеҷ ба муроде намерасед
Ҷаҳони имрӯзаро бе ҳодисоту воқеаҳои рузмарра тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар баробари ҳодисаҳои табии, воқеаҳои низ ҳастанд, ки онро баъзе ашхос баҳри манфиати гуруҳӣ ва ё шахсӣ сар мезананд, ки мо инро борҳо мушоҳида намудаем. Агар солҳои пеш вайронкорию харобсозӣ тавассутӣ лашкаркашиҳою ҷангу хунрезиҳо сармезад, имрӯз бошад ҷанг бо тафаккур идеологияи инсон оғоз гардидааст, ки оқибатҳои нохушеро аз худ дарак медиҳад. Онҳое, ки ба тафаккурвайронсозии ҷомеа мепардозанд, албатта бо манфиати шахсӣ ва ё гуруҳи фаъолият месозанд.
ТашкилотиэкстремистиютеррористииҲНИаз солҳои 70-уми асри гузаштаба фаъолият оғоз бахшида, давраи ба қавле пешрафти ҳизб маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳатто дар парлумони кишвар намояндаҳои онҳо роҳ ёфта, шаҳрвандон бо амри дил ба хотири пешрафти мамлакат шомил ба ин ҳизб мешуданд. Аммо худ шоҳидем, ки онҳо бо вуқуди чунин имконияту шароит бар зидди давлат бархостанд. Муҳиддин Кабирӣ ва саркардагони ӯ аз номи ислом бар зидди ислом кор карданд. Аслан аз номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат истифода кардан ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Дин бояд поку озода бимонад.
Ин гуруҳи одамон бо барангехтани як фитна метавонанд ҳадафу мақсади худро амали гардонанд. Яке аз афроде, ки имрӯз ба вайронсозии тафаккури ҷомеаи навини Тоҷикистон машғул аст, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Мавсуф бо тарҳрезии барномаҳои сохтаву бофта як гуруҳ нафаронеро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкили дучор гардидаву азият мекашанд, ҷалб намуда, ба механизми амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда истодааст. Дар барномаҳои пай дар паи он метавон мушоҳида кард, ки тарафдорони он аксарият муҳоҷирони меҳнатиянд, ки баҳри пешбурди зиндагии худ муҳоҷиргардидаву ноогоҳона ба доми ин оммафиреб афтодаанд. Муҳаммадиқболи Садриддинро метавон яке аз фитнаҷуён номид, зеро ҳар ҳодисаю воқеаҳое, ки дар кишвар рух медиҳад, онро ба манфиати нооромкардани вазъи сиёсии кишвар истифода менамояд. Агарчи борҳо ин ҳарзагӯи фитнаҷуёро хешу ақрабо ва наздиконаш хостанд аз ин роҳаш баргардаду зиндагии осоиштаро интихоб намояд, аммо ин рӯбоҳи бе дум радкардаву худро содиқ ба хоҷагону аҷнабиёнаш нишон медиҳад. Ҳар бинандаи нуқтасанҷ пас аз тамошои барномаҳои ӯ метавонад пайбарад, ки барномаҳои ӯ тахаюлӣ буда умуман асосӣ воқеаӣ надорад.Бинобар ин, шахсоне, ки ба тамошои барномаҳои ин афроди харидашуда мепардозанд, бояд ҳеҷгоҳ фаромуш насозанд, ки ҳеҷ як нафаре бе мақсад ё ин ки бе манфиат вақти худро барои дигарон сарф наменамояд.
Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама фитнаҳо истодгари муборизаи оқилонаи зеҳнӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз навгониҳои рӯз ғайриимкон аст. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор барем ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву мансаб аз бадтарин фазилатҳои инсонӣ буда, ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад.Чуноне, ки имрӯзҳо мебинем дигар гурӯҳҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳо баланд намуда, ҷавонони моро бо роҳи фиребу дассисаҳо мутеи барномаҳои худ месозанду бо далелу наворҳои сохтакоронаи худ тафаккури мардумро дигар кардан мехоҳанд.
Саидакбари Қуддус