ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи кишвар баргузор гардид.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин рӯйдоди муҳим дар толорҳои раёсати донишгоҳ ва факултетҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар фазои дӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳу суботи миллӣ паёми роҳбари давлатро ба муносибати оғози соли нави таҳсил тамошо намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ заминаи асосии рушди устувори кишвар буда, сармоягузорӣ ба илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат мебошад. Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илму дониш, омӯзиши технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, забонҳои хориҷӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад.

Пас аз анҷоми тамошои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин таъкид намуд, ки андешаҳои дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баёнгардида барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст, бахусус аҳли маориф ва донишҷӯён, аҳаммияти бузурги таълимиву тарбиявӣ доранд. Таъкид гардид, ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди илму дониш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани насли донишманду соҳибкасб аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд.
Таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар пайванд гирифтааст, имрӯз ба яке аз анъанаҳои неку муҳимми умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ин анъанаи неку созанда барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат дар замири насли наврасу ҷавон нақши муҳим дорад.
Маркази иттилоот