Таъмини амнияти кишвар кафаили зиндагии шоистаи мардум
Тоҷикистон кишвари бузургест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст. Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин, Неругоҳҳои обию барқии машҳури он, ба мисли Варзоб, Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд. Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Оре, дар кадом ҳолат, дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату мадор, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманисгони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор. шуҳратманду ҷахонгард, маърифатдӯсту тавоноанд. Имрӯз ҳар фарди Тоҷикистони азиз дар паноҳи Офаридгори созанда дар нашъунамост.
Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтаанд, ҳазорон нафарашон беному нишон шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои поки Ватан озодона нафас бигиранд, Имрӯз як гурӯҳи фарзандони замоне барои миллату давлат «содиқ», амсоли гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, мардуми шарифи Бадахшонро ба гумроҳӣ бурда дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дассисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд. Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солими Бадахшон бояд дарк намоянд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.
Душманони миллат роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи -24, Паймони миллӣ, бозори дассисаи навбатии худро гарм сохта бо даъвоҳои беасос ва туҳматангези худ мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват карда, бародарро бо бародар ҷанг андохтанианд. Ҳодисаҳои нангини дар маркази ВМКБ ба амал омада кулли мардуми кишварро ба таҳлука андохтааст. Вазъи гузаштаи начандон дур барои мо сабақест. Мо мардуми кишвар шаҳди ин фитнаю хусуматро чашида хулосаи худро баровардаем. Имрӯз дар кишар низоми давлатдории миллӣ, волоияти қонун, сохторҳои қудратӣ фаъолияти густурда доранд. Ҳар як ҷиноят, ҷинояткор ва гунаҳгор дар назди қонун беҷазо намемонад.
Аз дидану шунидани суханони роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, аъзоёни паймон Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммад, Ҳусейн Ашӯров ва ..... собиқ истиқоматкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин арз мекунам. Ин шахсият нисбати Ватани худ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои-миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста суханони нодуруст ва ноҷо мегӯяд. Ин шахсияти Худо бехабар омада бо мо рӯ ба рӯ суҳбат кунад, чунки аз дасти чунин шахсони бемасъулияту беэмон ва бетарбия солҳои 1991-1992 ҳоли мардуми кишвар ба кадом дараҷа расида буд. Президенти кишварамон ҷон ба кафи даст гирифта, ба тамоми мамлакатҳо сафар карда халқи худро ҷамъ оварда, соҳиби кор ва хонаю амвол гардонд. Тоҷикистон ва Пешвои моро зиёда аз 200 мамлакатҳои рӯи ҷаҳон ба расмият мешиносанд, ки ин заҳматҳои Президенти кишвар мебошад. Барои аз дур сухан гуфтан, Муҳаммадиқболи Садриддин худро шоҳи замон меҳисобад, ки ин кори зан мебошад, на мард. Мо бо ин суханҳо занҳоро паст заданӣ нестем, занҳои бонангу номуси Тоҷикистон, занҳое мебошанд, ки аз чунин мардҳои майдонғариб болотар ва волотар ҳастанд, ки номи онҳоро дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин навиштан лозим аст, зеро онҳо дар солҳои мудҳиши 1991-1992 аз ҳамин гуна мардҳо дида дар паҳлӯи Президенти худ ва барои барқарор кардани сохти Конститутсионӣ ба халқу меҳани худ хизмат карда буданд. Муҳаммадиқболи Садриддин нафарест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дилсӯзи халқ худашро муаррифӣ мекунад, ки мо зидди ҳар як сухани ӯ мебошем. Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар хизмати халқ буду ҳаст ва хоҳад монд. Хуб мешуд, ки Иқболак заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк мекарду мефаҳмид.
Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд, ҳамчун фарзандони бо нангу ори Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин душманони миллат роҳ надиҳанд, ки пояҳои Истиқлолияти кишварро заиф гардонанд, ин сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеаро ҳифз намуда, кору зиндагӣ намоянд. Манфиатҳои миллӣ-Истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоянд. Ин мардум ҳаргиз доғдори номи миллат, ватан дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад.
Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик- меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Шамил Назарзода - таҳлилгар