​​​ Таъмини амнияти давлат вазифаи муҳими ҷомеа

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст.

Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин, Неругоҳҳои обию барқии машҳури он, ба мисли Варзоб, Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд. Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Оре, дар кадом ҳолат, дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату мадор, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд.

Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманисгони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор. шуҳратманду ҷахонгард, маърифатдӯсту тавоноанд. Имрӯз ҳар фарди Тоҷикистони азиз дар паноҳи Офаридгори созанда дар нашъунамост.

Шамил Назарзода - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ