ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ
Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ бо иштироки васеи занону бонувони Донишгоҳ доир шуда, фазои идонаро фаро гирифт.

Дар маросим муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ширкат варзиданд.
Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки ҳамасола бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март дар кишвар ҳамчун Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Таъкид шуд, ки ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар ва эътирофи нақши арзишманди ӯ дар ҷомеа мебошад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон сухани табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва фаъолияти илмию ҷамъиятӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки ин дастовардҳо самараи сиёсати ҳадафмандонаи давлату ҳукумат дар самти дастгирии занон ба ҳисоб меравад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода зимни суханронӣ саҳми бонувони Донишгоҳро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ назаррас арзёбӣ кард.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро расонида, нақши занону олимонро дар таълиму тарбияи ҷомеаи солим ва пешрафти соҳаи маориф муҳим шуморид.
Дар идомаи барнома филми мустанади «Хуршеди зиндагӣ», ки ба рӯзгор ва фаъолияти занону бонувони собиқадору соҳибтаҷрибаи Донишгоҳ бахшида шудааст, манзури ҳозирин гардонида шуд. Барномаи фарҳангиро суруду таронаҳо ва барномаҳои рангини ҳунармандон ҳусни анҷом бахшид.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои саҳми арзанда дар рушди раванди таълиму тарбия, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи донишҷӯён дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ 80 нафар устодону кормандони Донишгоҳ бо сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил