​ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Рӯзи Дониш бо тантана қайд карда шуд, ки дар он муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба Донишгоҳ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури савари вилоятро дар дар ин чорабинӣ барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ нишонаи таваҷҷуҳи хос ба соҳаи илму маориф, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва неруи зеҳнии ҷомеа арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ аз номи ҷомеаи меҳнатӣ Раиси вилояти Суғдро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II сидқан табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин қадршиносӣ аз хизматҳои арзанда дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат шаҳодат медиҳад.

Сипас Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Дониш табрик гуфта, доир ба ҷойгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар низоми рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ намуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити замони муосир маҳз дониш, илм, маърифат ва сатҳи баланди касбияти кадрҳо ҳамчун омили муҳимми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори давлат арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар идомаи суханронӣ устодони Донишгоҳро ба идомаи фаъолияти пурсамар, такмили пайвастаи донишу маҳорати касбӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири таълимӣ ҳидоят намуда, донишҷӯёнро ба донишандӯзии пайваста, мутолиаи китобҳои таълимиву бадеӣ, аз худ намудани технологияҳои муосир, забономӯзӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида барои рушди шахсӣ ва касбӣ даъват намуд.

Баъдан, Ғафурҷон Ҷӯраев, профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъат аз номи устодони Донишгоҳ ҷиҳати таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамаҷониба ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода изҳори миннатдорӣ баён кард.

Дар рафти маросими тантанавӣ роҳбари вилоят бо дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии муассиса аз наздик шинос шуда, як қатор устодони Донишгоҳ барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ва дастовардҳои назаррас бо мукофотпулӣ қадронӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, дар рафти чорабинии тантанавӣ ба як гуруҳ донишҷӯён либос ва лавозимоти таҳсил тақдим гардиданд.

Инчунин дар ин рӯз бо иштироки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Маркази “Зеҳни сунъӣ” ба истифода дода шуд, ки он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои омода намудани мутахассисони замони муосир дар ин самт тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Раиси вилоят аз кушодашавии Марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои оқилона ва самаранок истифода бурдани имкониятҳои Марказ ва технологияҳои муосир дастуру ҳидоятҳо дод.

Оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳ, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар ва маркази муҳимми омодасозии кадрҳои баландихтисос дар минтақа ба ҳисоб меравад, дар остонаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо рӯҳияи идона, масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз ватандорӣ сурат гирифт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ