ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДӢ
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 16 март дар факултети иқтисодии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар оғози чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла омодасозии таомҳои миллии тоҷикӣ ва ороиши дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ба роҳ монда шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр паёми табрикии ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддинро ба самъи ҳозирин расонида, кулли иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ ӯ саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз муҳим арзёбӣ кард.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо ҳунарнамоии санъаткорони шинохтаи кишвар Донишманд ва Давлатманд Қутбиддиновҳо ва баромади донишҷӯён рангу ҷилои тоза касб намуд. Шеъру таронаҳои наврӯзӣ, рақсҳои мавзун ва саҳначаҳои ҷолиб фазои идонаро боз ҳам гармтар гардониданд.
Дар фарҷом мушовири ректори донишгоҳ, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ва собиқадори факултет, профессор Абдураҳмон Қодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо ҷашн табрик гуфтанд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён руияи болидаи идона бахшид.
Маркази иттилоот ва таҳлил