ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чорабиниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ҷашни бостонии Сада идома дошта, чунин тадбирҳо дар факултетҳои забонҳои шарқ, таърих ва ҳуқуқ, биология ва химия ва филологияи рус ташкил ва баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили чорабниҳои мухталиф арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ ва густариши донишҳои илмии донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни чорабиниҳо маърӯзаҳои илмӣ вобаста ба таърих ва аҳаммияти ҷашни Сада ироа гардида, устодону донишҷӯён бо баромадҳои пурмуҳтаво иштирок намуданд. Дар маърузаҳо ироа гардид, ки ҷашни Сада ҳамчун яке аз ойинҳои куҳани ниёгон дар тарбияи маънавии ҷавонон нақши муҳим дошта, гузаронидани чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаи илм, фарҳанг ва тарбия мусоидат намуда, дар рушди ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Ҳамзамон, барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангӣ ва анъанавии ҷашни Сада ба намоиш гузошта шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил