Таҳкими сулҳу амният мароми мост
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз он сарвароне мебошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи онҳо бахшидаанд. Ҳар як тадбир ва корномаҳои Пешвои миллат ба ҷавонони имрўзаи кишвар дарси ҳаёт, ифтихор ва дўст доштани Ватан, мардонагӣ ва дарки баланди инсондўстиро меомӯзонад.
Дар ҳақиқат, яке аз арзишҳои олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳҳо, ниҳодҳо ва неруҳҳои иҷтимоиро дар кишвар бипайвандад, ин дӯстию рафоқат, гирифтани дасти ҳамдигар, фазои орому осуда ва зиндагии осоиштаи мардумон аст.
Дар мувофиқа ба ин гуфтаҳо, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки масъалаҳои ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза-равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалиро дар бар мегирифт, боз якбори дигар шаҳодат аз он дошт, ки халқи тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли ин муаммоҳо бетараф нестанд.
Дар ҳақиқат, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.
Дар ин баромад, Сарвари давлат даъват ба амал оварда, чунин таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем”.
Дар ин радиф, имрӯз тамоми мардуми сулҳхоҳу заҳматкаши тоҷиксиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоем.
Аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод карда шудани қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” саривақтӣ мебошад, зеро Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ аст.
Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад, зеро амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқею имкониятҳои географӣ ҳамчун кишвари кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Бояд зикр кард, ки таҷрибаҳои Тоҷикистон дар ин ҷода калон буда, маҳз хизматҳои шоёни Сарвари давлат дар ин самт буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мустақил, байни ҷаҳониён эътироф карда шудааст.
Мо-омӯзгорон бояд ба тарбиятгарони худ тақлид намоем, ки шукронаи соҳибистиќлолии кишвар, шукронаи обу хоки диёр, шукронаи осмони софу беғубор намоянд ва барои дастгирии ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари кишвар саҳмгузор бошанд.
Юсуфҷонова Дилбар -дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси