ТАҲКИМИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН
Имрӯз, дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо иштироки муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, Комиссари ҳарбии вилояти Суғд, генерал-майор Солизода Умед ва сардори гарнизони вилояти Суғд, командири қисми ҳарбии 01972 Муродзода Сӯҳроб мулоқот доир гардид.

Мулоқотро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, дар мавриди нақши ҷавонон дар самти ҳифзи Ватан ва таъмини суботу амнияти кишвар ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу созандаи ҷомеа бояд бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва садоқат ба арзишҳои муқаддаси Ватан дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузоранд.
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин зикр намуд, ки дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, нақши Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба хизмати содиқона ба халқу Ватан хеле муассир ва назаррас мебошад. Ӯ таъкид дошт, ки маҳз неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон омили асосии таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва пойдории суботи ҷомеа ба шумор рафта, метавонад дар пешрафти устувори давлат нақши ҳалкунанда бозад.
Муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон роҷеъ ба таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат роҳи пуршарафу масъулиятнокро тай намуда, имрӯз ба неруи муташаккил, касбӣ ва пуриқтидор табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи марзу буми он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус маҳсуб ёфта, ҷавонон бояд бо дарки баланди ватандорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар ин самт саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми мулоқот хатмкунандагони Донишгоҳ дар мавриди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шароити қисмҳои ҳарбӣ суолҳо пешниҳод намуданд, ки ба он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат посухи муфассал манзур гардид.
Бо назардошти аҳаммияти тарбияи маънавию ватандӯстии ҷавонон, баргузории чунин вохӯриҳо дар доираи эълон гардидани Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ идома дошта, ба баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории фаъоли ҷавонон дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил