​ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ УСУЛИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Экстремизм ва терроризм падидаи номатлуб, хушунатомезу таҳрибкор буда, пеш аз ҳама, ба мафкураи инсон, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти шахс таҳдид дорад. Гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз усулҳои гуногун кӯшиш доранд, то ҳисси муҳаббат ба Ватан ва миллатро дар шахс коҳиш диҳанд, арзишҳои миллиро беқурб нишон диҳанд, наврасону ҷавононро аз решаҳои таърихиву фарҳангии ниёгони хеш ҷудо гардонанд, ҳувияти миллиро бо ҳувияти ифротӣ иваз намуда, дар умқи қалбу шуури онҳо ҷойгир созанд.

Файласуфону ҷомеашиносон таъкид доранд, ки экстремизм ва терроризм худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар замири наврасону ҷавонон коҳиш медиҳад. Хусусан, ҷавонони сустирода, тафаккури миллиашон ташаккулнаёфта бештар зери таъсири таблиғотии ифротгароён қарор гирифта, ба доми гурӯҳҳои террористӣ кашида мешаванд. Бинобар ин, ба назари мо таҳкими худшиносии миллӣ усули муассири муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад. Зеро агар шахс арзишҳои миллии худро шиносад, онҳоро эҳтиром мекунад ва ба осонӣ ба арзишҳои бегона иваз намесозад. Амиқ медонад, ки исломи асил экстремизм ва терроризмро рад мекунад. Даъватҳои бардурӯғу шиорҳои ифротиро намепазирад. Худшиносии миллӣ ҳисси масъулиятро дар назди Ватан, халқ, миллат ва давлат баланд мебардорад. Агар шахс худро қисми ҷудонашавандаи миллат ва сипари боэътимоди давлат донад, ҳеҷ гоҳ амале анҷом намедиҳад, ки ба манфиатҳои миллӣ зарар расонад. Чунин шахс дар ҳама ҳолат муҳофизатгари суботу амният мегардад.

Агар гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавонон ҳувияти бардурӯғ ва бегонаро таҳмил кунанд, худшиносии миллӣ ҳувияти устувор ва воқеиро ташаккул медиҳад. Ҷавонони худшинос ва огоҳ аз решаҳои таърихиву фарҳангии хеш тафаккури ифротиро ҳатто дар тахайюли хеш ҷо намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки таҳкими худшиносии миллӣ сипар аз ифротгароён аст. Яке аз омилҳои муҳими ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ кашида шудан – надонистани арзиши воқеии арзишҳои миллӣ мебошад. Тақвияти худшиносии миллӣ ин тамоюли манфиро решакан сохта, ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллиро афзун мегардонад.

Ҷиҳати табдили худшиносии миллӣ ба усули муассири муқовимат бо экстремизм ва терроризм роҳандозии тадбирҳои таъхирнопазир муҳим аст. Зинаи аввали он таҳкими тарбияи ватандӯстӣ дар оила ва мактаб мебошад. Зеро оила ва мактаб ниҳоди муҳими ташаккули шахсият мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» заминаи ҳуқуқии ин равандро мустаҳкам намуда, самтҳои асосии онро муайян кардааст. Дар қонуни мазкур зикр шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд ба ташаккули шахсияти дорои ҳисси баланди ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба ҳимояи Ватан нигаронида шавад. Муқаррароти мазкур дар тарбияи наврасону ҷавонон аз ҷониби волидону омӯзгорон бояд афзалият дошта бошад.

Зинаи дуюм ба назари мо омӯзиши амиқи таърих ва фарҳанги миллиро ташкил медиҳад. Зеро ҳар суҳуфи таърихи мо ибратомӯз ва ифтихорангез аст. Наврасону ҷавонон низ бояд таърихи пурифтихори хешро донанд, саҳми бузурги ниёгонро дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ дарк намоянд, аз баҳри беканору сабақомӯзи адибону мутафаккирон панд гиранд. Ба ин васила ифтихори миллӣ инкишоф меёбад ва дар қалбҳо маъво мегирад.

Зинаи сеюм поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ аст. Ҳифзи покии забон, бунёди тоҷикии дунёи кӯдакон, ташвиқи истифодаи забони адабӣ худшиносии миллиро таҳким мебахшад.

Зинаи чорум муқовимат бо гуруҳҳои ифротӣ дар фазои интернетӣ аст. Зеро шабакаҳои иҷтимоии интернет майдони асосии тарғибгарони гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аст. Дар ин самт оқибатҳои экстремизм ва терроризм, хатару таҳдидҳои он ба миллат ва давлат бояд нишон дода шавад. Инчунин миллатдӯстӣ ва ватандӯстӣ бояд пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб карда шавад. Малакаи истифодабарандагони интернет дар самти муайян намудани иттилооти дуруғу сохта ва аслу воқеӣ ташаккул дода шавад.

Зинаи панҷум пур кардани фазои холии наврасону ҷавонон бо ҷалби онҳо ба омӯзиш, варзиш, санъат ва ҳунармандӣ аст.

Наврасону ҷавонон танҳо дар сурати дарки амиқи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фархангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иқтидори муқовимат бо гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пайдо мекунанд.

Р.Шокирова,

омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии

сиёсатшиносии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ