ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БО ҶУМҲУРИИ ПОЛША
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин Президенти Фонди «Лидеры перемен»-и Ҷумҳурии Полша Агата Вержбовска-Мязга ва муовини директор оид ба барномаи стипендияи «Лейн Киркленд» Уршула Собецкаро ба ҳузур пазируфт.
Ректори донишгоҳ дар бораи равандҳои фаъолияти донишгоҳ маълумот дода, оид ба дастовардҳои донишгоҳ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои ERASMUS+ иттилоъ дод.
Дар доираи мулоқот масъалаҳои рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба, имкониятҳои ҷорӣ кардани барномаҳои нави таълимӣ ва дастгирии стипендияҳо барои донишҷӯёни фаъол мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, идомаи иқдомҳои муштарак ва фароҳам овардани заминаи ҳамкориҳои муваффақ ҳамеша омода аст.
Ҳамчунин ҷонибҳо нақшаҳо ва фаъолияти ояндаро барои васеъ намудани ҳамкорӣ, аз ҷумла пешбурди корҳои муштараки илмӣ - тадқиқотӣ ва табодули донишҷӯёну устодонро муҳокима карданд.
Дар идомаи мулоқот дар толори хурди раёсати донишгоҳ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён имкониятҳои таҳсил ва идрору грантҳо дар Ҷумҳурии Полша муаррифӣ шуданд.
Хотирррасон менамоем, ки феълан Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо 130 муассисаи ватаниву хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, раванди таъмини рушди робитаҳои байналмилалӣ торафт таҳким дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил