Тақдими шаҳодатномаи такмили ихтисос

Дирӯз дар доираи Шӯрои васеи олимони факултети забонҳои хориҷӣ маросими супоридани шаҳодатномаҳои такмили ихтисос сурат гирифт.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом устодони факултетро, ки курси такмили ихтисосро дар мавзуи «Муаммоҳои мубрами лингвистика ва лингводидактика» бо муваффақият хатм намуданд, табрик гуфта, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатнома супорид.
Маврид ба таъкид аст, ки курси такмили ихтисос аз тарафи Неболсина Марина Сергеевна ва Тюкаева Надежда Ивановна - дотсентони кафедраи забоншиносии умумӣ ва русӣ ва методикаи таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия аз санаи 30-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ ҷараён гирифт.
Бино ба иттилои шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, курси такмили ихтисос дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва филологияи рус барои зиёда аз 200 нафар омӯзгорони ихтисосҳои филологӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки аз факултети забонҳои хориҷӣ 50 нафар устодон дар ин курс ширкат варзида, соҳиби шаҳодатномаи такмили ихтисос аз рӯи «Муаммоҳои мубрами лингвистика ва лингводидактика» гардиданд.
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Истамқулов Ҷамшед қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия яке аз ҳамкорони боэътимоди донишгоҳи мо буда, аз соли 2015 инҷониб дар доираи ҳамкориҳои пурсамар силсилаи ташаббусҳои судманд роҳандозӣ шуданд, аз ҷумла ташкили конфронс ва ҳамоишҳои муштараки илмӣ, таълифи асарҳои илмиву методӣ бо ҳаммуаллифии олимони донишгоҳҳои ҳамкор, таҳияи тақризҳо ва нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ аз зумраи ин тадбирҳост.
Декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева Меҳриниссо изҳори сипоси ҷомеаи меҳнатии факултетро ба роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати ғамхориву таваҷҷуҳи пайваста иброз намуда, бовар кунонид, ки ҷомеаи факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ байни ҷавонон, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ ва густариши равобити байналмилалӣ чораҳои муҳимро роҳандозӣ хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ин ҳамкориҳо ҷонибҳо ҷиҳати таъсиси ихтисоси ҳамгиро бо факултетҳои забонҳои хориҷии донишгоҳ ва Институти забонҳои донишгоҳи ҳамкор корбариро ҷоннок доранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил