Тақдими дипломҳои дараҷаи номзадӣ ва сипосномаҳо

Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба устодон дипломҳои дараҷаи номзади илм, унвони дотсентӣ ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Аз ҷумла, ба ба номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биологияи-химия Ҳакимҷон Тиллобоев Шаҳодатномаи унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси химия, ки аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст ва ба муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Нигора Ҷӯраева дипломи дараҷаи номзади илмҳои фалсафа, ки аз ҷониби КОА ФР дастрас гардидааст, дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Дар идома, чор нафар устодон аз ҷумла Абдуҳафиз Азизов – дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, Меҳрӣ Набиҷонова – сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, Светлана Нуждина – сармуаллимаи кафедраи адабиёти рус ва хориҷа, Баҳром Ҷумаев – сармуаллими кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ барои саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва ҳамчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ