​Тағйироти кадрӣ дар вазифаи мудирони кафедраҳо

Дар доираи Шӯрои олимони донишгоҳ, ки имрӯз дар толори раёсати донишгоҳ доир гардид, бо овоздиҳии аъзои Шӯро ба вазифаҳои мудирони кафедра як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Тибқи иттилои раёсати кадр ва корҳои махсус ба вазифаи мудирони кафедраи барномарезӣ Низомиддинов Сайфиддин, кафедраи педагогика ва психиологияи томактабӣ Луфов Мансурбой, кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Тиллохӯҷаева Муҳаббат, кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собитов Мурот, кафедраи адабиёти муосири тоҷик Мавлонова Мутриба, кафедраи адабиёти классикии тоҷик Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ, кафедраи географияи табиӣ Абдураҳимова Мавзуна, кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Юсуфҷонова Дилбар, кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ Ҷабборов Абдураҳим интихоб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки овоздиҳӣ тариқи пинҳонӣ сурат гирифта, барандагони овози бештар ба вазифаҳои мудири кафедра таъин шуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом кадрҳои навинтихобро табрик гуфта, дар иҷрои рисолати пурмасъул барору пирӯзӣ таманно намуд.

Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таъмини пешрафти равандҳои фаъолият содиқона меҳнат намуда, дар самти расидан ба дастовардҳои арзанда тадбирҳои зарурӣ ва кӯшишҳои зарурӣ анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ