​Тафриқаандозӣ то ба кай

Расонаҳои иттилоотӣ давраҳои охир дар такя ба баъзе ҳамоишҳои “илмӣ” тафриқаи наве эҷод ва паҳн намуда истодаанд, ки ғарази ниҳонаш исботи бақо надоштани давладории тоҷикон аст. Бидуни шарму ҳаё далелҳоитаърихиро бо фаҳмиши худ таҷдиду коркард карда андешаҳои ботилро чун ҳақиқати ҳолпешниҳоди ҷомеа гардонида истодаанд.

Гӯё, Асосгузорони давлати абарқудрати Сомониён – Сомонхудот бо Сосониёнхешии дурӣ доштаасту аз авлоди канории Баҳроми Чӯбинаарзи ҳастӣ кардааст. Даъво доранд, ки Баҳроми Чӯбина аз қабилаҳои туркнажоди оғузҳо мебошаду Сосониёну Сомонхудот як решаи дур аз зани чоруму панҷуми туркнажоди ӯ ба дунё омадаанд. Маънои аслии ин даъвоҳои қаҷдилон тафриқаандозӣ байни ду давлати соҳибистиқлоли имрӯза – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Бар замми он, муаллифони беинсофи чаласаводи ин ғояҳои илмӣ аз асарҳои эътимодноки Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро бехабар пиндоштанианд. Ҳол он, ки аллакай дар шоҳасари “Тоҷикон”-у китобҳо оид ба сулолаи Сомониён ҳамаи далелҳои таърихӣ исбот гардидааст, ки мансубияти Сомонхудоту Сомониён соф ба форсу тоҷик аст.

Дар заминаи баёни воқеияти мавҷуда аз ҳамаи қишрҳои фаъоли ҷомеаи Ватани азизам даъват менамоям, ки нисбатипайдоишу ташаккул, тарғибу ташвиқ, асоси таърихӣ ва ҷанбаҳои дигари масъалаи зикрёфта мавқеи устувор ишғол намоянд. Алалхусус, олимони бостоншиносу таърихнигори Тоҷикистонро мебояд нисбати то ба кадом андоза ифротгаро будани ақидаҳои болозикр оид ба таърихи сулолаи Сомониён бо мақолаю асарҳои интиқодӣ фаъол бошанд. Нагузоранд, ки бархе аз “олимтарошон” ақидаҳои пантуркистиропаҳн намоянду аслияти ҳақиқии давлатдории тоҷиконро зери шубҳа қарор диҳанду каҷфаҳмиро тарғиб ва мафкураи ҷомеаро олудаи андешаҳои ифротӣ созанд.

Мутмаинам, ки дар ин масъала мебояд доимо ҳушдору зирак буд ва нисбати чунин андешаҳои ботил муборизаи беамон дар фазои беканори иттилоотӣ ташкил кард. Вагарна, душманони пасипарда дар тафаккури омма ақидаҳои муғризонаи авомфиребонаро ҷой хоҳанд кард. Мебояд чашми нопоку дасти ғосиб аз таърихиқадимаи давлатдории тоҷикон барканду нобуд сохт!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ