Тафаккури интиқодӣ ва саводи расонавӣ - тақозои замон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро хатари глобалӣ эълон дошта, ҷомеаи ҷаҳониро мунтазам ба мубориза даъват мекунанд:
- “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.
Омилҳои торафт тавсеа ёфтани фаъолияти созмонҳои террористӣ ва шомилшавии сокинон ба ин гурӯҳҳо кам нест. Маъмулан паст будани сатҳи маърифат, дониши ҳуқуқӣ, сиёсӣ, камбизоатӣ аз сабабҳои асосии ифротишавии одамон унвон мешавад.
Дар шароити кунунӣ бо рушди технологияҳои муосир ва дастрас гардидани интернет ҳамакнун ҷалби одамон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ тариқи фазои маҷозӣ сурат гирифта истодааст. Ҷонибдорони ақидаҳои ифротӣ ҷиҳати расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки хеш аз интернет ва фазои маҷозӣ васеъ истифода мебаранд.
Асри 21 – ро асри иттилоот ном мебаранд. Дар раванди ҷаҳонишавии муосир иттилоот торафт аҳамият ва мавқеи баландро соҳиб мешавад. Пахши ахбор агар дирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда мешуд, имрӯз иттилоот як аслиҳаи муассири гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст.
Дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сафи истифодабарандагони интернет торафт афзоиш дорад. Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион нафар расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Ба ҳисоби миёна ҳар як корбари интернет дар ҷаҳон ҳар рӯз ҳафт соатро дар интернет сарф мекунад. Равшан аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пеш аз ҳама, усули мағзшӯӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин роҳ бештар онҳое таҳти хатар қарор мегиранд, ки мавқеи устувор ва тафаккури баланд надоранд.
Дар ҷомеаи муосир мафҳумҳое чун “зиракии сиёсӣ”, тафаккури интиқодӣ” ва “саводи расонавӣ” маъмул гардидаанд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир воситаи муфид арзёбӣ мегарданд.
Ҷомеаи муосирро давраи дасткориҳои бузурги иттилоотӣ меноманд. Аз ин лиҳоз, ташаккул додани тафаккури интиқодии ҷавонон кафили амният ва суботи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Тафаккури интиқодӣ ("critical thinking" аз юнонӣ kritikos - «нақд, интиқод») тавоноии дастёбӣ ба дониш, тавоноии таҷриба ва таҳлил, арзёбӣ ва қазовати огоҳона, баёни нуқтаи назари шахсӣ дар масъалаҳои мавриди баррасӣ ва тавонмандии истифода аз дониш дар ҳолатҳои маъмулӣ ва ғайримаъмулӣ аст. Он маҷмӯи малакаҳоест, ки тавассути он инсон иттилоотро на танҳо қабул мекунад, балки кӯшиш хоҳад кард, то саҳеҳияти онро муайян намуда, ба он аз чанд паҳлӯ назар афканад, сабаб ва натиҷаҳои ин иттилоъро пешгӯӣ намояд. Тафаккури интиқодӣ имкон медиҳад, ки истифодабарандаи иттилоот ба дасткорӣ ё қаллобӣ дода нашавад. Идора намудан ва ё таъсир гузоштан ба нафаре, ки аз лиҳози тафаккури интиқодӣ мусаллаҳ ва устувор аст, душвор мебошад.
Бо назардошти тағйир ёфтани шаклу ном ва чеҳраи созмонҳои террористиву экстремистӣ тақозо мешавад, ки шеваҳои мубориза низ бо ин зуҳуроти номатлуб ранги дигар гирифта, бо истифода аз усулҳои муосиртару муассиртар роҳандозӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир имрӯз ба мавзуъҳои ҷадиду муосире чун таҳкими саводи расонавӣ аҳамияти бештар зоҳир мегардад. Зеро дар аксар маврид иттилоъ барои истеъмолкунанда тавассути расонаҳо дастрас мегардад.
Саводи расонаӣ-иттилоотӣ қобилият ва тавоноии кор бо ҳама гуна манбаъҳо ва захираҳои иттилоотиро дар бар мегирад. Он маҷмӯи малакаҳоест, ки ба шахс барои дастрасӣ ба расона, таҳлили муҳтавои расонаҳо, эҷоди матлаби нави расонаӣ, арзёбии муҳтавои мавҷудаи ВАО ва иштироки фаъолона дар расонаҳо имконият медихад.
Хулоса, тафакури интиқодӣ ва саводи расонавӣ воситаҳои муфиду муосиру муассире ба ҳисоб мераванд, ки таъмини ташаккул ва рушди он дар одамон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷомеаи кунунӣ ба хотири он ки инсоният мавриди таъсири манфӣ ва хатарноки иттилооти ғалат ва ғаразнок нагардад, ҳамакнун зарурияте пеш омада, ки ҷиҳати назорат ва идораи иттилоъ низ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шавад. Тафаккури интиқодӣ ва саводи комили иттилоотӣ-расонавӣ дар самти эмин мондан аз таҳдидҳои муосир нақши муассир хоҳад гузошт.
Исмоилова МАФТУНА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров