Тафаккури илмӣ-кафили амнияти миллӣ
(дар ҳошия мақолаи С.Ятимов, «Илм ва амният»
Мақолаи доктори илми сиёсатшиносӣ С.Ятимов, ки дар рўзномаи Ҷумҳурият таҳти унвонии «Илм ва амният» ба нашр расид, воқеан, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷавобгўи ниёзҳои имрўзаи ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Муаллифунвонии мақоларо илм ва амният ном ниҳодааст. Ҳамбастагии ин ду мафҳум барои босубот нигаҳ доштани ҷомеа ва дар ҳадди эътидолу пешрафт таъсиргузор буда, бо давлат ба ҳайси муҳимтарин институти идоракунии иҷтимоӣ сахт ҳамбастагӣ доранд. Муаллиф аз ҳамбастагии мафҳумҳои фавқуззикр мақолаи хешро оғоз мекунад ва нишониҳои асосии давлатро ном мебарад. Воқеан, дар шинохти давлат ва асосҳои пайдоиши он назарияҳои гуногун аз қабили назарияи патриархалӣ, назарияи шартномавӣ, назарияи зўроварӣ, назарияи илоҳӣ, назарияи органикӣ, назарияи иригатсионӣ ва назарияи марксистӣ вуҷуд доранд, ки давлатро бо тарзҳои гуногун шарҳ додаанд ва аз ҷумла, дар назарияи теологӣ давлатро ба ҳайси падидаи осмонӣ арзёбӣ мекунанд. Муаллиф ҳамин назарияро,ки маъмулан дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ паҳн гардидааст ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки давлат дар асоси қонуниятҳои хоси раванди ҳодисаҳои ҷамъиятӣ пайдо гардидааст ё ба тарзи дигар давлат падидаи иҷтимоӣ буда, ҳеҷ омили метафизикию кайҳонӣ надорад, балки сирф падидаи заминӣ аст.Аз ин рў, онро бояд аз лиҳози илмӣ шинохт ва мавриди таҳқиқу пажўҳиш қарор дод. Дар ҳамин қисмат муаллиф робитаи диалектикии амнияту давлатро қайд мекунад ва хотиррасон менамояд, ки таърихи давлат, таърихи амнияти он аст. Мусаллам аст, кидар ҳамин ҳолат муаллиф бештар ба назарияи шартномавӣ, ки мутафаккироне аз қабили Спиноза, Гротси, Локк, Гоббс, Руссо баён доштаанд, такя менамояд. Ва тибқи ҳамин назария давлат шартномаи дастаҷамъиест, ки барои ҳимояти манфияти ҳамаи шаҳрвандон шакл гирифтааст. Набудани давлат тибқи ин назария бесару сомониву хаосро ба вуҷуд оварда ба қавли Томас Гоббс: «ҷанги ҳама бар муқобили ҳамаро» ба вуҷуд меоварад. Бо такя ба назарияи Гоббс қайд кардан ҷоиз аст, ки яке аз муҳимтарин функсияҳои давлат, ки ҳам сабаби вуҷуду бақои давлат ва ҳам сабаби таъмини суботу иҷтимоӣ мегардад ин мафҳумиамният ба ҳисоб меравад ва муаллиф кўшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳоро тафсири илмӣ диҳад. Зеро мутмаин аст, ки дар шинохти ин мафҳумҳо ҳам дар сатҳои гуногуни донишҳо ба тарзҳои гуногун тафсир ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, муаллиф масъаларо бо он асоснок мекунад ки воқеан масъалаи аслӣ дар ҷаҳони имрўз масъалаи таъмини амнияти шахс ва худи давлат мебошад.
Дар бахши дигар муаллиф ҳамоҳангии давлат, амният ва донишҳои илмиро аз нигоҳи таҳқиқӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Муаллиф давлатро қувваи марказонидаи ҷомеа меҳисобад, ки дар асоси маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқии иҷтимоӣ арзи ҳастӣ менамояд. Муаллиф бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон таҳдидҳои ҳамешагие, ки барои бақои давлатҳозуҳур меёбанд онҳоро ҳамчун падидаҳои диалектикӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Хатарҳо ва осудагии миллатҳоро зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона намеҳисобанд Бархурди манфиатҳо ва амлияи дастандаркоронаи давлат ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дорои манофеи хосе мебошанд. Пажўҳишгар бархўрди манфиатҳоро ҳамчун як зиддияти диалектикӣ матраҳ намуда, вуҷуди ҳар давлатро бо вуҷуди манфиатҳои миллии он ҳамоҳанг медонад. Пўшида нест, ки дар тамоми таърихи башарӣ барои бақои миллат ва давлати хеш қавмҳо ва миллатҳо бо роҳҳои гуногун вобаста аз донишу технологияи сиёсӣ ҷиҳати нигоҳдошти ҳувияту ҳайсияти хеш ҷоннисориҳо намудаанд. Аз ин рў, бархурду муборизот барои бақои хеш дар шакли муайяни умумияти сиёсиву иҷтимоӣ (халқ, миллат ва давлат) дар масири таърих барои қавму миллатҳои мухталифи ҷаҳон як падидаи маъмуливу оддӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд сатҳи донишу огоҳии илмии бошандагони ҷомеаи муайян муҳим ва таъсиргузор мебошад. Ҳамин аст, ки кишварҳои манфиатҳоҳ заъфу камбуди ҷомеаҳои мавриди назарашонро сараввал мавриди омўзиши илмӣ қарор дода, баъдан дар заминаи он огоҳона равандҳои навро ҳамчун зуҳуроти барояшон коргар дар ин гуна ҷомеаҳо роҳандозӣ менамоянд. Яъне ба гуфтаи пажўҳишгар «Дар он маҷмўи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама захираҳои ақлонӣ ва амалии он истифода мешаванд.»Ин ҳолатро бо таваҳҳуму хурофот ва бо нолакуниву мўяканӣ ба ҷониби осмон рафъ кардан ғайримкон аст. Онро танҳо аз роҳи хираду мантиқ ва маърифати илмиву огоҳиии сиёсӣ ҳал намудан имконпазир аст. «Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омада метавон». Яъне, доноиро ба дониш ва илмро бо методҳои илмӣ метавон маърифат кард.
Муаллиф ҳамин мавзуъро пайгирӣ намуда, дар бахши баъдӣ «ҳакиқати илмӣ ва амнияти миллӣ» ин ду мафҳумро ҳамчун мафҳумҳои ба ҳам пайваст ва таъсиррасон мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Воқеан, таъмини амният мафҳуми шахшуда набуда, он аз масъулият дар назди системаи сиёсӣ масъулият дар назди системаи ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, динӣ ва монанди инҳо маншаъ гирифта, вобаста аз вазъ, зарурияти иҷтимоӣ ва фазову вақти мушаххас дар ҳоли тағйиру бадалшавӣ қарордорад.
Ҳакиқатҳои илмӣ бошанд, ҳақиқати субъективӣ нестанд барои онҳо манфиати хосе сармоягузорие таъсире надоранд. Аммо онро метавон ба суду манфиати давлату миллатҳо истифода намуд. Ҳамин нуктаро ба назар гирифта пажўҳишгар диалектикаро ҳамчун назария ва методология, ки аксиомаи қонуниятҳои рушди табиату ҷамъият назарияи шинохти ҳақиқати реалиро дар асоси зиддиятҳост, ки яке аз ҳақиқатҳои бебаҳси илмиро ташкил медиҳад. Бо такя намудан ба назарияи диалектикӣ, ки бунёди онро зиддиятҳо ташкил медиҳанд ва онҳо сабаби ҳамагуна тағйирот ва рушданд, зиддият хусусияти доимӣ дошта, ҳамеша ва дар ҳар гуна раванд, ҳодиса ва ё падида ба шаклҳои мухталиф мавҷуданд, аз ин рў, талош ва мубориза барои ҳифзу нигаҳдошт ва тавсеабахшидани манфиатҳо барои давлатҳо, ҳам дар тўли таърих ва ҳам дар замони муосир, дар сатҳҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ як раванди маъмулӣ ва табиӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти таҳлили диалектикӣ муаллиф падидаҳои ДОИШ, Ал-Қоида, ҲНИТ, Ваҳҳобия, Салафия, Ҳизб-ут-таҳрир ва монанди ин ҷараёнҳои терористиро натиҷаи зиддияти манофеъи давлатҳои гуногун арзёбӣ менамояд, ки инҳо чизи нав набуда, дар тўлии таърих бо номҳои гуногун ва дар шаклу қолабҳо ва роҳу василаҳои гуногун вуҷуд доштаанд. Шинохту маърифати ҳама гуна ҳодисаву воқеа ва раванду ҷараёнро набояд аз рўи бовару эътиқод ба онҳо, балки дар асоси методология ва дидгоҳҳои илмӣ ва мантиқӣ баррасӣ намудан зарур аст. Танҳо тавассути таҳлилу баррасиҳои илмӣ ва ба даст овардану шинохти дурусти ҳақиқатҳои илмӣ метавон чораҳои дуруст ва таъсиргузорро роҳандозӣ намуд. Хусусияти маърифатии ҷаҳони имрўзӣилммеҳварии он буда, ҳамагуна мушкилии сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавю иқтисодиро танҳо аз роҳи илмӣ ҳал намудан самараноку таъсиргузор хоҳад буд. Нодониву гумроҳӣ ва содабовариву эътиқодмеҳварӣ яке аз омилҳоест, ки афроди ноогоҳро ба доми манфиатҳоҳону бадхоҳон савқ медиҳад. Мутассифона ин нафарон, ки доди «Ватанхоҳӣ» мезананд, барояшон «ҳақиқатҳои воруна»-еро дуруст кардаанд, ки ҳеҷ ба меъёрҳои илмӣ мувофиқат надоранд. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки онҳо ба ҳайси «объекти истифода» қарор мегиранд. Дар таҳлили ин раванд пажўҳишгар дар баробари методи диалектикӣ аз методи детерминизим (сабабият) истифода намуда, онро тавассути мафҳумҳои субъекти фаъол, объекти истифода, сабаб, натиҷашарҳ медиҳад.
Бахши дигари пажўҳиш «Илм: информатсия ва амният» номгузорӣ шудааст, ки дар он муаллиф сари мафҳуми «информатсия» ва майдони сематикии он баҳс намуда, онро ҳамчун асоси фаъолият илмӣ ва яке аз такягоҳи асосии амнияти миллӣ арзёбӣ менамояд.Яке аз вижагиҳои ҷаҳони имрўзиро дорои ҷомеаи информатсонӣ будани он ташкил медиҳад. Имрўз информатсия ё маҷмўи маълумоти ба низом даровардашуда ҳама соҳаҳои ҳаёти инсониро аз истеҳсолоти моддӣ шуруъ намуда, то истеҳсолоти маънавӣ ва сиёсиро фарогир аст. Яъне ба тарзи дигар имрўз системаҳои информатсионӣ воситаи асосии ҳамагуна истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Зеро асли онро донишҳои илмӣ ва собитшудаи табииву риёзӣ ва мантиқӣ ташкил медиҳанд. Байни илм ва информатсия робитаи мутақобила вуҷуд дошта, натиҷа ва хулосаҳои илмӣ дар шакли информатсия (маълумот) таҷассум меёбанд. Ҳамин маълумоти сабтшуда метавонад барои омўзишҳои баъдӣ ба ҳайси маводи илмӣ коркардшуда натиҷаҳои илмии дигареро ба вуҷуд биёварад. Муаллиф ҳамин ҷиҳатро ба ҳисоб гирифта, барои таъмини амнияти миллӣ байни «ҳама донистанҳо» ба донишҳои илмӣ бартарият дода менигорад, ки «Бе донишҳои илмӣ таъмини амнияти миллӣ ғайриимкон аст. Бе онҳо (донишҳои илмӣ) ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷўии бедалели хатарнок, хурофот гашт.»
Қисмати дигари пажўҳиш унвонии «Геополитика: манфиат ва амният»-ро дошта, дар он муҳаққиқтавассути категорияҳои диалектикии ифодагари робитаҳои унверсали ҳастӣ: моҳият ва зуҳурот ҳимояи манфиатҳои миллиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Даъвоҳои гуногун атрофии мафҳуми «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ»-ро метавон аз нигоҳи моҳиятӣ ва зуҳуротӣ мариди баррасӣ қар дод. Муаллиф ҳамин нуктаро борикбинона аз диди гуруҳҳои гуногун сиёсиву фаромиллӣ баён мекунад. Воқеият ин аст, ки қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ барои тавсеаи манофеъи хеш ҳазорон хабару итилооти ғаразнокро тавассути расонаҳои гуногун пахш месозанд. Аз тарафи дигар аз бовару эътиқод ва заъфи тафаккурри таҳлилии бовармандон ва махсусан мусалмонон истифода намуда, бо шиорҳои гуногуни «ҷиҳод», «сохтани давлати исломӣ», «пуштибонӣ аз ислом дар рўи замин», «мубориза ба хотири исломи ноби муҳаммадӣ» ва амсоли ин, ки танҳо зуҳуроти масъала мебошанд, моҳиятан аз манофеъи худ ва густариш додани он чунин чораандешӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки гуруҳҳое, ки дар хориҷи кишвар даст ба сина зада аз ватанхоҳиву миллатсозӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои динии шаҳрвадони кишвар ҷор мезананд, ба ҷуз зуҳуроте беш нест. Зеро худи эшон ба ҳайси васила дар дасти дигарон қарор доранд. Моҳияти онҳоро бояд ҷойи дигар ҷустуҷў намуд, ки онро муаллифи мақола чунин қайд менамояд: «Дар чаҳорчўбинақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷўёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррўза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Барои ҳар кишвар аз дохили мардумони он кишвар».
Бо такя ба таҳлилҳои фавқуззикр метавон ба чунин натиҷа расид, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ (геополитикӣ) -и худ дар ҷаҳони ислом кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад, сўиистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ғайрисуннатидоштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои пули ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки имрўз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, ҳаракати исломии Туркистон, толибон, ҷамоати таблиғ, ҳизби таҳрир, ансоруллоҳ ва ғ. мебошанд. Дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Нигерия ва ғ. тазоҳуроти сиёсӣ ба вуқуъ пайваста ин кишварҳоро аз рушди устувор на танҳо боз доранд, ҳамчунин ҷаҳони исломро ноором сохта нуфузи худро дар ин мамолик тавсеа бахшиданд. Аз тарафи дигар, бо чеҳраи хашину ҷаллодонаи ин гуруҳҳо исломро дар саҳнаи ҷаҳони ба як дини хашину манфур ба намоиш гузоштанд.
Бахши дигари мақола «Илм: адабиёт ва амният» ном дошта, дар он муаллиф умумият ва тафовутҳои илм ва адабиёти бадеиро нишон дода зикр менамояд, ки «Агар илм тавассути истилоҳот, мафҳумҳо воқеиятро инъикос кунад, адабиёт онро тавассути образҳо таҷассум менамояд». Ҳамбастагии илм, адабиёт ва амният дар он аст, ки забон ва тарзи баёни илмӣ на барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаҳмо ва дастрас аст. Аз ин ҷиҳат муаллиф иброз медорад, ки бояд барои дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа дастрас будани итилооти илмие, ки ҷанбаи амниятӣ доранд ва ифодагари манофеъи миллианд, боястӣ ба забони соддаву шево ва образнок ба мардум пешниҳод шаванд. Дар ин росто аҳли қалам ва махсусан шоирону нависадагонро зарур аст, бо назардошти манфиатҳои миллӣ асарҳое эҷод намоянд, ки онҳо тавонанд дар маҷмуъ ба рўҳияи миллӣ таъсир расонида, муқовимати мафкуравиро бар алайҳи нодонӣ, хурофазадагӣ, тасссубу ҷаҳолат, ифротгароиву тероризим дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа ба миён оваранд. Ҳамчунин асарҳои драмавие, ки тавонанд манофеъи миллро дар шакли образҳои бадеӣ ифода намоянд, низ метавонанд барои боз ҳам тақвият бахшидани рўҳияи созандаи миллӣ таъсиргузор бошанд.
Ягона роҳи ҳалли мушкилоти башарӣ дар ҷаҳони муосир танҳо бо роҳҳои илман аснок имконпазир аст. Дар тамоми мароҳили рушди инсоният бузургтарин дастоварди он шинохти воқеӣ аз олами вучуд, аз худи инсон ва ҷомеаи инсонианд, ки дар шаклидонишҳои илмӣ аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Мушкили аслӣ бошад, хамеша нодонӣ ва ноогоҳӣ аст, дар пайи худ ҳазорон мушкили дигарро тавллид менамояд. Аз ин рў, дар ҳар миллате сатҳи тафаккури илмӣ боло бошад, дар он рифоҳу осудагӣ ва амнияту бехатарӣ ҳукмрон аст. Хулоса, рушди тафаккури илмӣ кафили амнияту суботи иҷтимоист.
Шарифзода Ш.