Таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳо зарур аст

Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлоли худ ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кард. Барҳам додани ҷанг, таъмини сулҳу субот ва барқарор намудани муносибатҳои дипломати бо кишварҳои олам барои давлати ҷавон вазифаҳои аввалиндараҷа буд. Дар ин ҷараён ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, давлати мо сиёсати “дарҳои кушода”-ро эълон кард ва ба сулҳ ноил гардид. Дар ин натиҷа муяссар шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намуда, рушди устувори кишварро таъмин кард.

Вазъи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳад дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад. Инчунин, аз тарафи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Имрӯз дар ин мамлакат ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ, поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар нишон медиҳад, ки вазъияти бавуҷудомада фоҷеа ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосяи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2021) чунин изҳор дошт: “Роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад. Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад. Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад”.

Ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон имрӯз ба ҷомеаи байналмилалӣ зарур аст, ки чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

Барои ин ташаббусҳоро ба амал тадбиқ кардан баргузориии чунин ҷаласаҳо ва маҷлисҳо зиёд зарур аст. Зеро ингуна амалҳо пеши амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамонро мегирад. Дар ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, рӯзи 20 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид оид ба ин масъалаҳо фикру андешаҳо гуфта шуд. Дар изҳоорот гуфта мешавад, ки “Иштирокдорони ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд”.

Дар ҳақиқат бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ нафақат ба амнияти кишварҳои ИДМ, балки ба ҷаҳон мебошад. Дар ин бора «Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст» иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ.

Хулосаро дар асоси суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мекунем: «ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст».

Равшан Усанов - дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ