Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба муносибати 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони арҷманд, намояндагони қишри ояндасози миллат!

Имрӯз аз таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамқадами замони истиқлол аст, 30 сол пур шуд. Таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон рӯйдоди муҳиму хотирмон аст, ки баробари истиқлоли давлатӣ падид омада, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии намояндагони қишри фардосози Ватан – ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.

Маврид ба зикр аст, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо рӯйдоди тозаву судманди замони истиқлол, балки дастоварди наҷиби миллӣ низ маҳсуб меёбад, зеро як қатор воқеаҳои муҳими давлатӣ бо фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ пайванд аст. Аз ҷумла, пешниҳоди номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ дар соли 1994 маҳз аз ташаббуси ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа маншаъ мегирад.

Аз оғоз иқдому тадбирҳои фаъолони ин ташкилот пурра барои сарҷамъиву муттаҳидсозии ҷавонон ва дар ин замина татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумат барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ равона гашта буданд.

Ҳамакнун Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ташаббускор ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии кишвар нақши муассир дорад. Ин қувваи пешсафу пешбари ҷомеа шуруъ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷавонони фаъолу пешқадамро таҳти як ливо ва як шиору маром муттаҳид намуд, ки самараи онро имрӯз дар симои ҷавонони ватандӯсту парчамбардори миллат шоҳид ҳастем.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мисли ангуштони як даст, аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз нақши муассир мегузоранд.

Аъзои ин ниҳоди бонуфуз бо эҳсоси волои худшиносӣ ва ифтихор аз саодати миллӣ ҳамчун иқтидори воқеии пешрафти мамлакат тамоми дониш, нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди Ватан равона мекунанд. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои аъзои Иттифоқ такягоҳи боэътимодро шинохта, корҳои муҳиму масъулиятнокро ба маҳорату лаёқати онҳо бовар мекунанд.

Шиори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон- “Барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ” мақсаду ормони аъзову ҷонибдорони онро ба хубӣ ифода мекунад ва басо хушҳолкунанда аст, ки татбиқи онро мо дар кору пайкори шоистаи ҷавонон шоҳид мешавем.

Боиси ифтихор аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сафи аъзои ин ниҳоди фаъоли ҷомеа сол аз сол меафзояд. Ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва ҷасорати шикастнопазир баҳри ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар ин замина, танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 14 нафар донишҷӯёни мо ба гирифтани стипендияи Президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 нафар ба стипендияи Раиси вилояти Суғд, 5 нафар ба стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Ғолибияти варзишгарони мо дар мусобиқаҳои варзишии вилоятиву ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд, Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд, Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даҳҳо силсиламусобиқаҳо шоистаи таъкид аст.

Дар маҷмуъ, насли ҷавони мо ҷиҳати ҳифз ва баланд бардоштани нуфузи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон саъй доранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли аъзо, ҷонибдорон, собиқадорон ва кормандони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии ин ниҳоди фаъолу ташаббускор табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор, файзу баракот ва зиндагии обод таманно дорем.

Итминони комил дорем, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди инъикоскунандаи иродаи ҷавонони мамлакат минбаъд низ баҳри муттаҳид намудани ҷавонони лаёқатманд ва матинирода иқдом намуда, бо ҷалби намояндагони қишри фардосози меҳан ба хотири рушд ва таъмини пешрафт саҳми мондагор мегузорад.

Рӯзи таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ