Табиатшиносон ва омӯзгори эҷодкори оянда

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба ҳафтаи илм ва 75-солагии номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо Валаматова Саъдинисо маҳфили илмӣ-назариявии "Табиатшиносон ва омӯзгори эҷодкори оянда" баргузор гардид.
Декани факултет, дотсент Усмонзода Даврон маҳфилро ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти пурсамари Валаматова Саъдинисо ибрози назар намуд.
Дар идомаи маҳфил номзади илмҳои биологӣ, дотсенти факултети геоэкология ва туризм Турдиев Турдибой дар мавзуи "Табиати пиряхҳои Тоҷикистон" (дар мисоли водии Зарафшон) маърӯза намуда, миёни донишҷӯён викторинаи "Оё медонед" аз ҷониби роҳбари маҳфил Самадов гузаронида шуд.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло аз кори маҳфил натиҷагирӣ намуда, доир ба нақши он дар татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён таъкид намуд.
Ҳамзамон, хидмат ва саҳми дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он Валаматова Саъдинисо тавсиф шуда, пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти мавсуф барои насли ҷавон намунаи ибрат маънидод гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил