Таассубӣ динӣ таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешии ҷомеа

Бо баробари аз байн рафтани абарқудраттарин кишвари садаи ХХ - ИҶШС низоми тоталитарии коммунистӣ қудрати сиёсиро аз даст дода, фазои онро мафкура ё идеологияҳои мухталиф ишғол намуданд. 32 соли истиқлолияти мо нишон дод, ки идеологияҳои гуногуни дар фазои Тоҷикистони имрўза баамаломада, аксарияташ мафкураҳои созандаю пешбарандаи ҷамъият мебошад, лекин дар байни онҳо афкори схоластикӣ ва фундаменталӣ мавҷуд будааст. Онҳо андешаҳои дигаронро на қабул дораду на далелҳои таҷрибавии илмиро эътироф менамояд. Дар ҷамъияти ором олимон бо кори худ машғул шуда, ҳазорҳо мақолаҳо ва асарҳои илмӣ омода мекунанд, аммо диндорону рўҳониён дар баҳсу мунозираҳои худ, фикру андешаҳо ва фатвоҳои бардурўғ мебароранд.

Дар ҷамъияти мо аксарияти мардуми он аз фарҳангу маърифат ва таърихи гузаштаи миллати худ хабардор ҳастанд, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун илмӣ назарияи ҷадиди илмию фалсафиро пешниҳод карда истодааст. Зеро таъсири фарҳанг бисёр вақтро талаб мекунад, мардум аввал сухани дигарро мешунавад, сониян ботаҳаммул фикр менамояд. Аммо “манқурт” фақат каломи “хоҷа” - ро гўш мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки вожаи “манқурт” - ро бори нахуст нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов дар романи “Рўзе дарозтар аз қарн” истифода кардааст. Дар эҷодиёти Чингиз Айтматов манқурт касе мебошад, ки хотира ва муқаддасоти таърихӣ, аз он ҷумла падару модар, деҳа, қабристон, забон, фарҳанг, ватан, миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурўшад. Умуман манқурт итоатгўйи сухани хоҷааш буда, ў бо забони хоҷааш сухан мегўяд, бо гўши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад. Афсўс ки дар ҳаёти имрўзаи мо ҳам ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мавҷуд мебошад, ки онҳо ғуломи хоҷаҳои хориҷии бегонаанд. Чунин ҳизб ҲНИТ мебошад. Онҳо ҳизби таассубӣ буда, ба амнияти кишвар хатар доранд. Зеро, онҳо аз худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ бегонаанд ва бегонапарастӣ, бегонашавиро тарғиб мекунанд, дар оянда онҳо ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро гаравиданашон аз эҳтимол дур нест. Онҳо арабпараст шуда, онҳоро мардуми муқаддас мешуморанд. Дар тўли ҳазорсолаҳо дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ донишмандоне чун Хоразмӣ, Розӣ, Берунӣ, Сино, Хайём, Тўсӣ ва дар фарҳангу адаб мутафаккирон, ба мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хуҷандӣ, Ҷомӣ ва садҳо нафари дигарро парваридааст, барои онҳо бегона шудааст? Дар тафаккури онҳо лаҳзаина илму дониш ва фарҳангу маърифат амал намекунад, оянда ба майнаи сари мардум ибораҳои машҳури “гуфтори нек, пидори нек, рафтори нек” - ро мафҳумҳои биёбоние, ки аз онҳо танҳо бўйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун: (“ҷиҳод”, “шаҳид шудан дар роҳи Худо”, “моли кофир барои муъмин ҳалол”) ҷо шуданаш мумкин аст. Дигар барои ин манқуртҳои маҳалливу хоҷаҳои арабшуда на раҳм мешаваду на шафқат, чунки онҳо аз рўи таълимоти динию мазҳабӣ дар роҳи Худо зўровариро як амали хайр медонистанд ва боз хоҳиш мекунанд. Аз зулму истибдоди ҳамин гуна ашхосҳо аксарият мардуми Тоҷикистон, олимону равшанфикрон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа ба бадбахтиҳо гирифтор шуда буданд.

Бо сабаби бегонагӣ аз худ, аз миллат ва аз давлат бисёре аз ҷавонони мо ва аз набудани ҳуввияти миллӣ дар аксари рўҳониён дар бештари ҳафтаномаю маҷаллаҳо ҳар лаҳза расму ойин, дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати аҷнабиеро тарғиб мекунанд, ки хусусияти экстремистию террористӣ доранд. Кулли фарҳангиён, рўҳониён ва дигар афроде, ки ба чунин амалҳои номатлуб даст мезананд, ҷаҳонбинии таассубӣ дошта, ба тамоми ҳодисоту равандҳои табиат, ҷамъият ва умуман ҷаҳон аз доираи дини ислому мазҳаби суннӣ менигаранд. Инчунин афроди дигаре, дар ҳалли тамоми мушкилот баргашт ба хатти арабиро мебинанд. Вале имрўз ҳеҷ зарурати баргаште ба ин ё он хат надорад, чунки техникаю технологияи муосир дар як сония метавонад матни китобро ба ин ё он хат баргардон ва тарҷума намояд. Онҳо хурофотпараст буда, аслан дар фикри пешравию беҳбудии халқи тоҷик набуда, балки ҷаҳонбинии хурофот ва таассубро тарғибу ташвиқ менамоянд ва бо ин амали хеш мехоҳанд, ки байни мардуми шарифи Тоҷикистон ҷудоӣ андохта, ҳодисаҳои соли 1990-ро такрор намоянд. Онҳо ягон барномаи солиме надоранд, ки барои пешрафти ҷамъият бошад, корашон танҳо тўҳмату ғайбат ва айбдор намудани роҳбарияти давлат аст. Агар ин шахсҳо ғамхори мардуми тоҷик мебуданд, то ин қадар иғвою фитна андохтан байни халқ, барномаҳои ояндасози худро пешниҳод мекарданд. Албатта, ин кор ҳам ба манфиати ҳукумат ва ҳам худи онҳо буда, инчунин зиндагии мардум беҳтар мегардид.

Ин гуна методҳои мантиқии бегонапарастиро таърихи 1400-солаи миллати ҷафодидаи тоҷик нағз дар хотир дорад. Масалан, намунаи наздиктарини чунин ҳодисаҳо майдоннишиниву сангарнишинӣ ва рехтани хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳи тоҷик дар солҳои 90-ум, ки имрўз онҳоро бо доми «фидоиён», «шаҳидони роҳи ҳақ» ва «шаҳидон» қурбон сохтаем. Солҳои охир, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Фаластин ва умуман ҷаҳони ислом рух дода истодаанд, ҳамагӣ ба дини таассубӣ ва бегонапарастӣ шабоҳат доранд. Фоҷиаҳои Афғонистону Покистони ҷангзада низ ҳосили исломи сиёсии таассуби динӣ мебошад. Яъне дин (ислом) дар таърих вазифаи худро ҳамчун дини таҳаммул, тарғиби ахлоқи ҳамида, якдигарфаҳмӣ, некӣ анҷом додааст, имрўз ҳам дин ҷавобгўи роҳи ҳалли мушкилоти башар буда метавонад, танҳо бо воситаи сулҳу осойиштагӣ.

Аз ин навишта ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои омўзиш ва шинохти аслии мавзуъҳои динӣ усулҳои илмӣ вуҷуд дошта, андар инкишофи омўзиши паҳлуҳои норавшани дин боз олимон, мутахассисони соҳаи илм камари ҳиммат бандад. Аз асри VII то ба имрўз дини ислом тараққӣ кард, дар ҷомеа мавқеъи баланд дорад. Аммо имрўз ба даври аввалаи ин дин баргашта наметавонем ва ба бегонапарастӣ, таассуби динӣ роҳ намедиҳем. Дар асри XXI бедор кардани афкору андешаи садаи VII корест, муқобили ҷараёни таърих ва раванди зиндагии башар. Аз нодониву ноогоҳии баъзе ашхос сўистифода карда, авомфиребӣ накунем ва даст ба бадтарин кирдорҳои ношоиста назанем. Дар ҷаҳони имрўза, ки ислом ҳамчун як дини ҷаҳонӣ инсондўстӣ шинохта шудааст, вазифаи муҳимми мо ин мавқеъро аз даст надодан аст. Аз ин рў, мо ва умуман аҳли ин сайёра пешрафту тараққӣ кардан мехоҳем, бояд аз қолабҳои фарсудаю кўҳнашудае, ки барои пешрафти ҳаёт монеа эҷод мекунанд, даст бикашем. Дигар наметавон аз рўи он принсипҳое зиндагӣ кард, ки ҳуқуқи духтаронро аз хурдсолиаш вайрон карда, онро дар зери зулму асорати ҷоҳилӣ қарор медиҳад.

Дин барои маҳви инсондўстӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, дониш ва тараққиёти ҷомеа ба вуҷуд наомадааст. Бинобар ин, дар шароити имрўза барои ҷомеаи мо ҳам идеологияи илмӣ ва ҷаҳонбинии динӣ зарур аст, ки тавонад ҷамъиятро ба пеш барад, моро ба воқеияти худ ва ҷаҳон ба таври ҳақиқат ошно намояд.

Солибоев Ҳошимҷон, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ