Сурату сират худ фитнагарист
Муҳиддин Кабирии хоин, ватанфурӯшу беинсоф, дурӯяву беор бо амалҳои нопокаш сари чандин нафаронро бурдаасту оилавайрону саргардон кардааст.
Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Точикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Вай дар Аврупо зиндагӣ дораду ба манфиати хоҷагони хориҷа кор мекунад, на ба манфиати кишвари худ. Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мехоҳад фазои сулҳу суботро дар Тоҷикистони азиз халадор созад ва ба сохтори конститутсионӣ латма занаду аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу муғризона ва бемаъниву бемантиқаш дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳад, ки хандаовар аст! Кабирии беор ҳамаи ҷабрдидагонаш муҳоҷиронанд, ки берун аз Ватан ба умеди таъмини оила ва хонаву дар рафтаанду бар доми он наҳанг афтодаанд.
Имрўз ҳамватанони мо берун аз хоки Ватан ба фиребу найранги ин хоин афтодаанд. Савол ба миён меояд, ки ва чӣ ин тоифа ҳамватанони моро ба чунин ҳолат гирифтор кардааст? Бо чӣ мақсад онҳо бо занон ва фарзандони хеш пой ба ин давлатҳо гузоштанд? Оё онҳо медонистанд, ки ба майдони ҷангу набард рафта ҷони ҳамсар ва фарзандони хешро зери хатар мегузоранд ва падару модари худро ба ғаму андўҳ фирефта менамоянд? Ҳаргиз на! Ба андешаи ман чун фарзанди қаҳрамони мақолаи мо, аксар ҷавонони тоҷик аз ҷониби Кабириву пайравони хоину фитнагари ў, зери ливои Ислом фирефтаву гумроҳ шуда ба ин вартаи нокомиҳо гирифтор шудаанд.
Ман ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна ҳарактҳо шомил нашаванду марзу буми кишвари хешро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.