Сулҳу дастоварди беназири тоҷик аст

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд. Воқеаҳои солҳои 90-уми карни гузашта исбот намудааст, ки ба сулху Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Вале бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи вазниниҳоро паси сар карда ба сулҳу осоиштагӣ расидем.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намудани шахсияте, ки ба ақидаи мақомотҳои дахлдор ҳамчун шахсияти гумонбар дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Хоруѓ ба амал омаданд, мебошад. Барои ҳамин набояд ба ин гуна амалҳо роҳ дод, зеро сулҳу субот вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус ба шумор меравад.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мо метавонем гуфта, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сарбаланду бофарҳанг дорад ва бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад. Боварӣ дорем, ки ба ин шаҳрвандони қавииродаи Ватани азизамон мусоидат хоҳанд кард.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ