​Шукронаи сарзамини аҷдодӣ!

Мувофиқи маълумотҳои расмӣ теъдоди сироятёфтагон ба бемории COVID - 19 дар саросари олам беш аз 470 миллион нафарро ташкил медиҳаду шумораи қурбоншудагон наздик ба 6 миллион нафар мерасад. Алҳол, суръати афзоиши беморӣ дар қитъаҳои Аврупову Африқо аз нав тез шудаасту танҳо ба хотири тадбирҳои пешгирӣ дар ҳоли ҷилавгирӣ мебошад. Вале, то ҳанӯз баҳри ҷилавгирии беморӣ маблағҳои зиёд сарф шуда истодаанд, ки ҳатман ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири манфӣ расонида истодааст.

Аз рӯзҳои нахустини паҳншавии бемории сироятӣ ва мубталоёбии шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди махсус таъсис дода баҳри пешгирии сироятёбии аҳолӣ чораҳои мушаххасро пайгирӣ намудааст, ки имрӯз натиҷаҳои муваффақонаи онро дида метавонем. Новобаста аз мушкилотҳои мавҷудаи иқтисодӣ ва маҳдудияти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар фазои ором ҳукмфармо буду ваҳму воҳимаҳои беасос саривақт паҳн мегардид ва ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири казоӣ нарасид.

Омили муҳими пешгирии бемории сироятӣ дар кишвар сарҷамъиву ваҳдати миллӣ буд, ки аз талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом мегирифт. Эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти олии кишвар омили дигари ҷилавгирии ин бемории сироятӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Хусусан, риояи қатъии реҷаи ниқобпӯшӣ, масофаи иҷтимоӣ, коркарди профилактикии маҳалҳои зист, кӯчаву хиёбонҳо, истифодаи ҳатмии гигиенаи шахсӣ бо безараргардонии дастон ва тадбирҳои дигари тавсиянамудаи Ситоди ҷумҳуриявиро мардум хуш истиқбол намуда ба иҷро расониданд. Хушбахтона, алҳол сарҳадҳои байни давлатҳо кушода ва равуои озоди мардум, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон таъмин асту сироятёбӣ ба бемории COVID - 19ва штаммҳои сершумори он қариб ба мушоҳида намерасад.

Натиҷаҳои бадастомадаи мубориза бар зидди коронавирус назаррас мебошаду пеш аз ҳама ба иродаву матонати қавӣ, ҷасорату садоқати ворисони Синои оламшумул – табибон марбут мебошад. Сониян, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо ваксина (воя) – ҳои таъсиррасон, ташкили эмгузаронии оммавӣ ва ғайра, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ намудааст, амали воқеии мардумдӯстии роҳбарияти олии кишвар мебошад, ки бори дигар исбот гардид. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистонро мебояд шукронаи обу ҳаво, хоки поки сарзамини аҷдодӣ намояд ва ба талошу азмҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар сипосгузорӣ кунад. Дар ин васила ободиву осудагии ҷомеа, файзу эҳсон ва баракати дастурхони мардум пойдор бошаду сарзамини сабзу хуррамамонро бо ваҳдату сарҷамъӣ, якдилӣ боз ҳам ободу зебо гардонем.

Муваффақу сарбаланд бод Тоҷикистони маҳбуби мо!

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Дадобоев М.А. – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академикБобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ