​Суханвари беҳтарин

Донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Мирзобобоева Зарнигор дар озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” иштирок намуда, аз рӯйи номинаи “Суханвари беҳтарин” бо Ифтихорномаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳури Тоҷикистон сарфароз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дар озмуни мазкур ҳамасола фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта Нарзуллоева Мӯниса, донишҷӯи ҳамин кафедра мақоми ифтихориро соҳиб гардида, нуфузи донишгоҳро баланд бардошт.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Мирзобобоева Зарнигорро ҷиҳати сазовор гардидан бо Ифтихорномаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳури Тоҷикистон табрик гуфта, муваффақиятҳои баландтар таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ