Сӯфӣ Зафар нахоҳад ёфт!
Сару садоҳои баландпарвози ҳомиёну пуштибонони интернетии Боқир бо мадади сарпарастони хориҷӣ авҷ гирифтааст. Нафаре аз авбоши муштзӯр қаҳрамону ҷонсупори миллат метарошаду дигаре аз ғурурумардонагии Боқири маҳалгаро ҳарф мезанад. Аҷоибот дар он аст, ки ин тоифаи сухангӯй Боқирро намешиносанду ҳамсӯҳбат набудаанд ва аз ин рӯ аз воқеият қазия бехабаранд, лекин, бешармона Боқирро ба арши аъло мебароранду якбора ёдбуди ӯро ҷашн мегиранд. Ба сафсатаи бесилоҳ будани Боқир боварӣ изҳор менамоянду ҳатто пурсон намешаванд, ки тӯдаи авбошиБоқир гар бе силоҳ бошанд ба нерӯи ҳукуматӣ аз чӣ тиркушоӣ ва муқовимати мусаллаҳона кардаанд? Ё худ чашмонашонро чарбу пӯшонидаву фақат танку самолётро силоҳ меҳисобанд?
Мард онест, ки ба амалҳояш ҷавоб диҳаду иғвою фитна наангезад! Шаҳодати ватандӯстиву мардонагӣ аз муроҷиати Амриддин Аловатшоев ҳувайдост, ки гурезагиро нахоставу оромии хонадону оиларо хоҳон шуда дасти адаб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кардааст. Албатта “пушаймонӣ суд надорад”, вале, иқроршавӣ ба ҷинояткорӣ пешгирӣ ва барҳамёбии ҷиноятҳои нав мебошад. Аловатшоев Амридин аз кардаю нокардаҳои худ бо ҳамроҳии Боқиру тӯдаи дигар сухан мегӯяду далелҳоро баён менамояд. Вале, бархе аз беномусони ватангадо ҳамаи гуфтаҳои Амридинроэҷоди кормандони амнияти миллӣ мехонанд ва аз суханҳои ӯ изҳори ноогоҳӣ мекунанд. Ҳол он, ки худ муртади қадрношиносу каззоби нафсанду тӯтивор ғояҳои маблағгузорони хориҷии худ паҳн менамоянд. Ин тоифаи афроди раҳгумзада оромиву осудагӣ дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Хоруғро намехоҳанд. Мақсади нопокашон дарёфти роҳе ба дастурхонимаблағи хоҷагонашон асту халос!
Аллакай ин ифротиёни беватан тан гирифтаанд, ки амалашон хиёнату ҷиноят аст, ки аз суханпардозии Зафар Сӯфӣ аён мегардад. Пас аз ин риёкории рӯирост танҳо метавон нидоъ кард:
Суфӣ ва ҳамтаборони ӯ дар ҳимояти Боқири авбош зафар нахоҳад ёфт !
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”