​Шоми дӯстӣ таҳти унвони “Маънии як таронаем...”

Дирӯз бо ташаббуси факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзеи Хуррамшаҳр, дар партави таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабини адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Маънии як таронаем...” бо ҷалби васеи донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд баргузор агрдид.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими дӯстии халқҳо аз ҳадафҳои меҳварӣ буда, мусоидат ба густариши муносибати дӯстонаи кишварҳои гуногуни ҷаҳон нақши калидӣ дорад. Дар ин замина, дар партави дастури Сарвари давлат раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри таҳкими равобити дӯстии халқҳо дар сатҳи донишгоҳ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо мамолики хориҷ мунтазам чора меандешад.

Сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки дар доираи чунин тадбирҳо аз ҷониби масъулини раёсат ва садорати факултетҳо ба донишҷӯёни хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таъмини шароити мусоиди таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста дар меҳвари фаъолият қарор мегирад.

Гузашта аз ин, бо иқдоми донишгоҳ ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. “Шоми дӯстӣ” низ аз зумраи ҳамин ташаббусҳост, ки донишҷӯёни халқу миллатҳои гуногунро ба ҳам меорад ва ҷиҳати густариши муносибати дӯстии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад, - гуфт профессор Усмонзода Аюб.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаҳои адабию фарҳангӣ, аз қабилӣ барномаи театркунонидашудаи “Истиқбол”, рақси якка дастаҷаъона ва кӯдакона таҳти унвони “Мо пайравони пешвоем”, рақси “Полки Андиҷон” шеъру суруд дар васфи Ватан, Истиқлол, Ваҳадт, дӯстӣ, суруди “Икки мллат дӯстлар”, “Ваҳдат дӯстлик” иҷро гардида, табъи иштирокдоронро болида намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳадаф аз ин ибтикор, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани ҷавонони миллатҳои гуногун ва ба ин васила таҳкими равобити дӯстии халқҳо маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ