​"ШОМИ ҶАВОНӢ"– БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

9 майи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ташаббуси ҳайати волонтёрон, аъзои маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат» ва тарғиботчиёни ҷавон «Андеша»-и Донишгоҳ барномаи фарҳангии идона таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ҷавонон ҷараён гирифта, иштирокчиён аз барномаи рангину ҷолиб баҳравар шуданд. Дар доираи чорабинӣ барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардиданд.

Мақсади баргузории чунин чорабинӣ таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани завқи фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити солими фароғатӣ барои ҷавонон арзёбӣ мешавад.

Тавзеҳ дода мешавад, ки чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳ идома доранд.

Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ