СОЛИ 2025: ЗИЁДА АЗ 450 УСТОД АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД
Яке аз дастовардҳои муҳимми Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар соли 2025 ташкили курсҳои такмили ихтисос барои 427 нафар устодон арзёбӣ мегардад. Курсҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия аз рӯйи ду самт баргузор шуда, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили маҳорати методӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии омӯзгорон равона гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, баргузории ин курсҳо имконият фароҳам овард, ки устодон бо усулҳои муосири таълим, равандҳои нави педагогӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ аз наздик шинос шаванд. Ин таҷриба минбаъд дар раванди таълимиву тарбиявӣ самаранок истифода гардида, ба беҳтар шудани сифати дарсҳо мусоидат менамояд.
Ташаббуси мазкур дар доираи сиёсати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди иқтидори кадрии Донишгоҳ амалӣ гардида, ба таҳкими заминаҳои касбии ҳайати омӯзгорон такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи байналмилалии AELLCA 32 нафар омӯзгори факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва шарқ аз курси такмили ихтисоси маҷозӣ гузашта, сатҳи дониш ва малакаи касбии худро боз ҳам такмил доданд. Дар баробари ин, 190 нафар донишҷӯи ҳамин факултетҳо низ ба барномаи мазкур ҷалб шуданд. Ин иқдом ба баланд гардидани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди салоҳиятҳои коммуникативии донишҷӯён мусоидат намуд.
Бо чунин иқдомҳо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои пешсафи таълимии кишвар таҳким бахшида, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил