СОЛИ 2025: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» фаъолияти байналмилалии худро ба таври назаррас густариш дода, соли 2025 бо 8 донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҷумла, 2 шартнома бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 шартнома бо Кореяи Ҷанубӣ, 1 шартнома бо Ҷумҳурии Туркия, 3 шартнома бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1 шартнома бо Ҷумҳурии Лаҳистон ба имзо расонида шуданд. Айни ҳол Донишгоҳ бо зиёда аз 130 муассисаи ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои расмӣ дошта, фаъолияти байналмилалиро дар самтҳои таълим, илм ва ииноватсия, робитаҳои байналмилалӣ мунтазам тақвият мебахшад.
Дар Донишгоҳ соли 2025 5 лоиҳаи байналмилалӣ татбиқ гардид. Аз ҷумла, 2 лоиҳаи мубодилавии барномаи ERASMUS+ бо донишгоҳҳои Туркия ва Лаҳистон амалӣ шуда, барои густариши табодули академӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, 1 лоиҳа бо Британияи Кабир дар самти омӯзиши забони англисӣ (AELLCA), 1 лоиҳа бо Фонди «Русский мир»-и Федератсияи Русия ва 1 лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Академияи HUAWAI (Huawei) бомуваффақият амалӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳ дар озмуни барномаи байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ бо 5 пешниҳоди лоиҳавӣ иштирок намуд. Айни замон муассиса дар доираи лоиҳаҳо ва шабакаҳои байналмилалии ERASMUS+ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуда, қаблан дар татбиқи лоиҳаи худ ҷойи аввалро дар миқёси ҷумҳурӣ ишғол кардааст. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо як қатор марказҳо ва лабораторияҳои илмиву таълимӣ таъсис дода шуда, заминаи моддию техникии Донишгоҳ боз ҳам таҳким ёфт.
Тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъолона дар барномаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди иқтидори илмӣ ва таҳкими мавқеи Донишгоҳ дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил