​Соҳибистиқлолӣ масъулият металабад!

Пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири асри ХХ боиси пайдо гаштани давлатҳои соҳибистиқлол дар заминаҳои ҷумҳуриҳои собиқ гардид, ки аксаран аз ҷониби роҳбарони ҳизби сиёсии мавҷуда эълон карда шуда буд ва онҳо мехостанд бо ин васила ҳукмронии худро идома диҳанд. Омода намудани роҳбарияти кишварҳои соҳибистиқлолгашта ба соҳибихтиёрӣ аз он маълум шуд, ки дар аксарияти давлатҳо ҳамаи нақшаҳои дурнамои рушд бевосита ба истеъдоду мафкураи шахсиятҳои аввали роҳбарикунанда алоқаманд буданд. Дар ин давра на ҳамаи роҳбарони давлатҳои соҳибистиқлолгашта масъулияти соҳибихтиёриро дарк намуданд, ки дар мисоли Гурҷистону Арманистон ва ғайра метавон мушоҳида намуд. Танзиму идоракунии ихтилофотҳои сиёсии байни неруҳои сиёсии сатҳи ҳукуматӣ, озодихоҳи зиёиён ва тӯдаи муғризони ифротгаро масъалаи мушкили ҳалталаб шуда бошад, ҳам баъзе роҳбарони кишварҳо онро сарфи назар мекарданд. Дар натиҷа ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ташаккул ёфтанд, ки бо ғояю мақсадҳои мухталиф ба майдони сиёсат омадаанд. Ҳатто дар баъзе мамлакатҳо ҳизбҳои сиёсии навпайдо асосан заминаи маҳалгароӣ, хешутаборӣ, манфиатҳои ягонаи сиёсӣ – иқтисодӣ, авлодӣ ва ғайра доштанд. Мақсади аксарияти онҳо расидан ба ҳокимияти давлатӣ буда дар ин самт бо шиору ғояҳои популистӣ дар байни ҷомеа холҳои сиёсиро соҳиб шуданӣ буданд. Натиҷаи чунин нағмаҳои сиёсӣ устувории низоми сиёсӣ – иқтисодии баъзе мамлакатҳо коҳиш дода интихоб ё ивазшавии пешвоёни сиёсӣ тез – тез ба амал омад, ки ба қудрати иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум таъсири сахт расонид. Зеро, сиёсатмадорони навбаромад асосан ба ғундоштани сарватҳо машғул гашта дар мӯҳлати кӯтоҳ аз ҷониби нерӯи дигари сиёсӣ сарнагун ва бадарға мешуданду роҳбарони нав низ пайроҳаи сарватандӯзиро идома медоданд. Низоъҳои сиёсӣ, табаддулотҳои давлатӣ барои баъзе мамлакатҳо низоми анъанавӣ (одатӣ) шуда монд, ки боиси ба сари қудрати давлатдорӣ омадани шахсони тасодуфӣ (ҳатто бевосита аз маҳбас) шуд, ки ғайр аз нидоъҳои популистии пуч дигар нерӯи зеҳнӣ дар сиёсатмадориро надоранд.

Тасдиқи суханҳои баёншударо метавон дар ҳарзагӯиҳою ҳангоматалабии С. Жапаров – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт. Роҳбари давлат ба ҷойе, ки баъзе масъалаҳои ҳалталаби байнидавлатиро бо сарвари давлатони дигар бо роҳи дипломатияи байнидавлатию байналмилалӣ ҳаллу фасл намояд чун ҳунарманд саҳнаи матбуоти давриву шабакаҳои иҷтимоиро ба худ минбари ифшои ғаразҳои сиёсӣ ва даъвоҳои беасос интихоб намудааст. Бетаҷрибаю беҳунарии ӯ ва атрофиёнаш бо набудани дарки масъулияти давлатдорӣ омезиш ёфта амалҳоеро мувофиқи ҳикмати халқии “ҳам ғарриву ҳам сарҳангӣ”-ро ба хотир меоварад. Вагарна, танҳо шахси бемасъул бӯҳтонҳои бофтаро чун ҳақиқати ҳол талқин медиҳад, ки эҳтимол нишонаи гумроҳӣ ё худ ноқисулақлӣ бошад.

Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли қазияҳои марбут бо ҳаммарзӣ таҳаммулгариро пеша кардаанду аз сангпартоиву дасисабозӣ худро дар канор гирифтаанд ва дар ҷустуҷӯи ҳалли мусолиҳаомези мушкилотҳои мавҷуда мебошанд. Ҳол он, ки қудрати сиёсӣ, зеҳнӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва ҳоказо доранд, ки масъалаҳои ҷойдоштаро бо роҳи ғайридипломатӣ фавран ҳаллу фасл намоянд. Фарҳанги волои ориёӣ ва хирадмандии роҳбарияти олии мамлакат намегузорад, ки бо ҳамсоя талош кунад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ