СОХТОР ВА МЕТОДОЛОГИЯИ НАВИШТАНИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ ДАР ШАКЛИ IMRAD
Таҳти чунин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ 14-уми марти соли 2026 семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки муҳаққиқон, омӯзгорону унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва магистрантону донишҷӯён баргузор гардид.
Декани факултет Раъно Муҳсинзода семинарро ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки чорабинии мазкур барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сифати тадқиқот ва тақвияти ҳамкории устодон ва донишҷӯён нақши муҳим дошта, ба навиштани мақолаҳои илмӣ тибқи меъёрҳои стандартӣ ва густариши фаъолияти нашриявии факултет мусоидат менамояд.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Содиқ Ятимзода қайд кард, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди илм, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи илм ва маориф табдил ёфтаанд.
Гуфта шуд, ки яке аз талаботи замони муосир дар соҳаи нашрияҳои илмӣ мутобиқ намудани сохтори мақолаҳои илмӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина, имрӯз дар аксари маҷаллаҳои илмии ҷаҳон истифодаи сохтори IMRAD ҳамчун модели асосии пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ пазируфта шудааст.

Баъдан доктори илмҳои психологӣ, дотсент Ҳусейн Зайтметов дар мавзуи «Асосҳои методологии навиштани мақолаҳои илмӣ дар асоси сохтори байналмилалии IMRAD» маъруза намуда, пазируфта шудани мазмун ва муҳтавои шакли IMRAD (Introduction, Methods, Results and Discussion)-ро ҳамчун яке аз усулҳои маъмул ва самараноки пешниҳоди натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар ҷомеаи байналмилалии илмӣ шарҳу тавзеҳ дод. Қайд гардид, ки ин шакл ба муаллиф имкон медиҳад, ки фикру натиҷаҳои илмии худро бо тартиб, возеҳ ва асоснок пешниҳод намояд.
Дар қисмати музокира доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ба сухан баромада, аз муҳиммияти навиштани мақолаҳои илмӣ дар асоси меъёрҳои муосири илмӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ёдовар шуда, истифодаи сохтори IMRAD-ро барои муҳаққиқон ҷиҳати пешниҳоди натиҷаҳои тадқиқот ба таври мантиқӣ, равшан ва илмӣ зарур шуморид. Ба андешаи ӯ риояи сохтори IMRAD на танҳо сатҳи илмии мақоларо баланд мебардорад, балки имконияти нашри онро дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ низ зиёд менамояд.
Баргузории чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи маҳорати таҳқиқотӣ, рушди тафаккури илмӣ ва густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардида, барои устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён аҳаммияти амалӣ ва илмӣ дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил