​Соҳаи маориф – омили асосии пешравии ҷомеаи муосир

Перомуни ин мавзуъ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бопрофессор Шавкат Шаропов мулоқот сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки мо дар даврони дигаргуниҳои глобалии ҷомеаи муосир зиндагӣ дорем, ки дар навбати аввал зери таъсири технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон, бахусус насли ҷавон куллан дигаргун шуда истодааст. Дар натиҷаи ин тағйирот ташаккули фаъоли тафаккури ғайриҳудудӣ мафҳуми асосии системаи маорифро ташкил медиҳад.

Вохўрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароиту таҳсилу тадрис, баргузории озмунҳои гуногунмазмун, нақш ва мақоми омўзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавононро фарогир буд.

Ҳадаф аз мулоқоти мазкур ба самъи донишҷўён расонидани мафҳуми асосии соҳаи маориф, дониш, қобилият, маҳорат, малака ва вазъи кунунии дунёи муосир унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ