СИПОСНОМАИ ҲХДТ — НИШОНИ ЭЪТИРОФИ ЗАҲМАТИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ ДОНИШГОҲ
Дар доираи баргузории Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 29 январи соли 2026 дар толори хурди Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии як қатор фаъолони ҳизб баргузор гардид.
Зимни ин маросим Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои фаъолияти пурсамару созанда, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва мусоидату саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соли 2025 бо Сипосномаи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.
Қадршиносиро Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода анҷом дода, ба ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин Сипоснома ва Ҷоми «Саҳмгузор-2025»-ро тақдим намуданд.
Дар ҷараёни суханрониҳо таъкид гардид, ки саҳми фаъолони ҳизб, бахусус роҳбарон ва кормандони муассисаҳои илмиву таълимӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва боло бурдани нуфузи ҳизб дар ҷомеа муҳим ва назаррас мебошад.
Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ин дастовардро натиҷаи фаъолияти якҷояи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ арзёбӣ намуда, кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёнро ба ин муносибат табрик гуфта, дар роҳи хизмат ба Ватан, давлат ва ҷомеа барору комёбиҳои нав таманно менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил