Сипар мешавему хок намедиҳем!
Дар замони пуртазоди имрӯза, ки минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро нооромиву бенизомӣ, ихтилофоти сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифтааст, масъалаи гиромидошту ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти хоса касб кардааст. Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои воқеан олӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятамонро ҳамаҷониба таҳлил намоем ва ба рӯйдодҳои таърихии замони муосир баҳои воқеӣ ва ҳақиқӣ диҳем.
Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани он мебошанд, ки зиддиятҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъати бештар пайдо мекунанд ва дар минтақаву кишварҳои алоҳида хатари ба вуҷуд омадани низоъҳои пурфоҷиа пайдо шуда истодааст. Ҳуҷуми ногаҳонии вируси КОВИД-19 мардуми ҷаҳонро аз хоби ғафлат бедор кард. Одамон ба масоили мубрами худ аз дигар зовия нигоҳ мекардагӣ шуданд. Лекин карахтии афкори мардум аз фоҷеаҳои дохилии худ зуд ба назар мерасад. Мардум ба ҷуз фикри обу нонашон ба фикри дигаре намерасанд, вале дар Тоҷикистони азизи мо 5ормонҳои арзишмандеро чун сулҳу салоҳ ва ободкориву созандагӣ мепарастанд.
Вазъи имрӯзаи сарҳади Тоҷикисто ва Афғонистон аз нигоҳи халқи осоишта ва бошандагони дигар давлатҳо ваҳму тарсе фаро гирифтааст, ки давлати ҳамсояро гурӯҳе соҳиб шудааст, ки то имрӯз мекуштанду мегуфтанду мекафониданд..... Гурӯҳе ки соҳибилму соҳибтамаддун буданро куфр медонанду атрофиёнашонро дар доираи камтарине медоранд! Гурӯҳе ки халқи дигареро намепазиранду анқариб нимаср бо ҳамкишвари худ – тоҷикони Панҷшер меҷанганд!.... Аммо он халқ бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд то соли 2001 ва имрӯз бо сарварии Аҳмади Масъуд Панҷшерро сипар гаштанду ҳар як кафи хокро муқаддас медонанд!
Дар мамлакати ободу зебои тоҷик бошад, ки сарҳади гаронеро бо давлати ҷангзада дорад, албатта вазъ ором асту ҳолати ноороми он давлат ба оромии халқи тоҷик ҳаргиз таъсире нахоҳад гузошт! Фаъолони зиёде аз кишвари ҳамсояамон таассуф мехӯранд, ки ба халқи афғон роҳбаре чун Ҳомии ваҳдатофаринии тоҷикон -Эмомалӣ Раҳмон пайдо нашудааст, з-ин сабаб он афғонҳо солҳост, ки дар азобанд.....
Дар ҳақ, Родмарде, ки ниҳодаш аз сулҳофарист, ҳаргиз намегузорад, халқаш дубора ба солҳои бесарусомонӣ омада бошад!
Аммо нафароне, ки вазъи нооромро фурсати муносиб дониста, ба ҳуҷуми иттилоотии сарҳад гузаштаанду дар дили халқи осоишта, ҳисси нобоварӣ пайдо кунониданӣ мешаванд, ҳаргиз ба ҳадафашон намерасанд, зеро имрӯз мардуми ногоҳ нестанду ҳамагон аз вазъи сарҳаду оромии кишвар бохабаранд! Бо таъкид ба хоиноне, ки чунин ҳадафро пеша кардаанд, гуфтанием: зӯр ва доди беҳуда назанед, халқи имрӯза худ сипар мегардаду оромиву марзу бум намедиҳад!
Шарифзода М.