Силсилаи чорабиниҳо дар факултети биология ва химия
Дар факултети биология ва химия давоми ҳафтаи гузашта як қатор чорабиниҳои илмӣ ва тарбиявӣ бо ҳадафи такмили малакаи таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҷӯён баргузор гардид.
Аз ҷумла, аз ҷониби як қатор устодон дарси кушод ба роҳ монда шуд. Дар мавзуи "Растаниҳои ороишӣ барои гулгашту боғҳо" аз ҷониби дотсенти кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо Саидзода Мушараф ва дар мавзуи "Фаъолияти инсон ва таҳаввули биосфера" бо иқдоми дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Сабуров Бахтиёр дарси кушод доир гардид.
Дарс бо истифода аз бозиҳои мантиқӣ ва саволу ҷавоб дар се гурӯҳ самаранок пеш бурда шуд. Иштирокчиён бо усулҳои муосири таълим шинос шуда, дар муҳокимаи мавзуъ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, маҳфили навбатии “Химикони ҷавон”-и кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ададҳои квантӣ” ва хониши сиёсӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ва хавфи он ба рушди давлат доир шуданд.
Ин чорабиниҳо барои таҳкими дониши назариявӣ ва таҷрибавии донишҷӯён мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ ва шавқи онҳоро ба омӯзиш ва илм афзун менамоянд.
Маркази иттилоот ва таҳлил