СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: АСОСҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ҶАВОНОН
Дирӯз, бо мақсади татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар бинои таълимии №3 семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои психологии ташаккули тафаккури инноватсионӣ дар ҷавонон» баргузор гардид.
Дар семинар устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Шокирҷон Исмоилов, Мӯниса Каримова ва Азизмуҳаммад Исмоилов бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба аҳаммияти татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар самти рушди илм, технология ва инноватсия ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки ташаккули тафаккури инноватсионӣ дар байни ҷавонон яке аз омилҳои муҳимми пешрафти илмиву техникӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан, дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳимми психологии ташаккули тафаккури инноватсионӣ, аз ҷумла рушди фикрронии эҷодӣ, тақвияти қобилияти таҳлил ва қабули қарорҳои навоварона мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён бо усулҳои муосири таълим ва роҳҳои самараноки ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнии ҷавонон шинос шуданд.
Семинари мазкур бо мубодилаи таҷриба ва андешаҳо сурат гирифта, иштирокчиён пешниҳодҳои судманд ҷиҳати такмили фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди тафаккури инноватсионӣ иброз намуданд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»