​Семинар-машварати Ассотсиатсияи педагогон

Таҳти унвони «Иттиҳодияи ихтиёрии педагогон - омили рушди минбаъдаи таҳсилоти муосир» бо ташаббуси Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии наздиДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» семинар-машварати Ассотсиатсияи педагогон баргузор шуд. Ба он устодону омўзгорони мактабҳои олӣ ва коллеҷи омўзгорӣ, намояндагон аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кормандони соҳа даъват шуданд.

Директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии донишгоҳ профессор Шавкат Шаропов доир ба аҳамияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори маориф ва илми мамлакат сухан ронд.

Номбурда дар бораи ҳадафҳои ташкили Ассотсиатсияи педагогон маълумот дода, лоиҳаи низомномаи онро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Иштирокчиёни семинар оид ба лоиҳаи низомнома ва самтҳои минбаъдаи фаъолияти Ассотсиатсия андеша ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ