Сазовори тамаддунофарӣ бошем!

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва мардуми таҳҷоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонрорешаҳои сершуморифарҳангиву забонӣ ва ҳоказо мепайвандад,аз ин лиҳоз тақдири онон тоҷиконро бефарқгузошта наметавонад. Сари қудрати давлатдорӣ омадани аъзои ҳаракати ифротихондашудаи “Толибон ” ва воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Ҷоиз ба қайд аст, ки мавқеи одилона ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати дарки масъулият ва матонати миллӣ асту то ба ҳол сиёсатмадори дигаре чунин бузургӣ зоҳир накардааст. Ҳифзи сарҳадоти байнидавлатӣ ва ҷонибдории ҷабҳаҳои озодихоҳон бо сардории Аҳмад Масъуд аз заковати сиёсиву дониши таърих ва дурандешивухирадмандӣ сарчашма мегирад, ки шоистаи дастгирӣ ва пайравии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад.

Адолати таърихӣ он аст, ки дар давлатдорӣ ҳатман ҳамаи қавму миллатҳои дар мамлакат сукунатдошта дар симои намояндагони арзанда ширкат варзанд. Ҳама талошҳои ҷомеаи демократии дунявихоҳ барои таъсиси ҳукумати фарогири тоифаҳои мухталифи сиёсӣ мебошад, ки “Толибон” ин адолатро сарфи назар кардаанд. Тамошои наворҳо аз дабистонҳои фаъолиятдоштаи Афғонистони имрӯза шаҳодат медиҳанд, ки бо пардаеҷудо кардани писарону духтарони як синф меъёри башарӣ набуда нишонаи ҷаҳолат мебошаду бас. Дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибонтабор маҳзаз ифротгароӣ далолат медиҳаду ба “шариати исломӣ” алоқамандӣ надорад.

Боиси таассуф аст, ки манфиатҷӯёни хориҷӣ барои пош додани дини мубини Ислом ҳар гуна тӯдаю ҳаракат, ҳизбҳои сиёсиро созмон медиҳанду маблағгузорӣ менамоянд. Ғояҳои тафриқаандозиро бо парчами дини Ислом ниқоб намуда ҷомеаро ноором месозанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз фаъолияти бадхоҳонаю дасисакоририи чунин ифротгароӣ дар мисоли ТТЭ “Ҳизби наҳзати ислом” огаҳӣ доранд, ва бо шукронаи Пешвои муаззами миллат аз он раҳоӣ ёфтаанд, намехоҳанд, ки мардуми ҳамхуну ҳамфарҳанги афғон низ азобу уқубати ифротиён кашанд.

Мебояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад, ки исботи воқеии он ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлолмебошад. Мардуми тоҷики тамаддунофар хоҳони ононанд, ки дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя низ чунин раванд ҳукмрону пойдор бошад. Дар ин ҷода омодаанд, ки бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ сиёсати хирадмандонаю дурандешона, оқилонаю одилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сидқи дил дастгирӣ намоянд.Мардуми Ватани маҳбубамон қодиранд, ки ба ифротихоҳони наҳзатию амсоли онҳо муқовимати шадид нишон диҳанду сарболои ин муборизаи иттилоотӣ бошанд. Ҳаргиз намегузоранд, ки ҷаҳолат бар адолат ғолиб ояд ва дар радифи раванди башардӯстӣ ҳамеша мавқеи роҳбарияти олии кишвари ҳақиқатан ҳам соҳибистиқлоли худро ҳамаҷониба дастгирию пайравӣ менамоянд. Хоҳони таъсиси Ҳукумати фарогир ва оромӣ дар ҷомеаи Афғонистони ҳамсоя ҳастанду мақсади поки худ дигар нахоҳанд кард ва иғвогарону дасисабозонро нобуду барбод хоҳанд дод.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ