Сазои боқири авбош!

Мутафаккирону файласуфони олам дар ҳама давру замон шахсиятҳои арзандаро, ки ба халқу Ватани хеш содиқона ва бо ҷоннисорӣ хизматҳои босазо кардаанд, ҳамчун қаҳрамонҳои асил ситоиш менамуданд. Корнамоиҳои Курушу Спитамен, Темурмалику Восеъ ва дигарон дар эҷодиёти даҳонию хаттии халқ ҳамчун рамзи садоқату ҷасорат ва ҷонфидоӣ таҷассум ёфтаасту василаи муҳими тарбияи наслҳо дар руҳияи худогоҳиву меҳанпарастӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва амсоли онҳо мебошад. Маҳз чунин ашхоси барӯманд барои ҳамагон намунаи ибрату сазовори пайравӣ маҳсуб меёбанд.

Умдае аз нафароне, ки бо зӯрии бозу баҳри манъфиатҳои хеш тӯдаи чаласаводонро бар атрофи худ гирд оварда бо таҷовузу зӯроварӣ, муқовимат ба мақомотҳои расмӣ машғуланд, тӯдаи авбошу ҷинояткор мебошанд, ки бо фурсати вақт ба амалҳояшон ҷазои муносиб хоҳанд гирифт. Чунин афрод дар байни мардум обрӯву эътиборе надоранду зуд аз хотираҳо фаромӯш мешаванд, аммо фарзандону ақрабои онҳоро чандин насл бо бадӣ ва бадзотӣ ном мебаранд. Дар чунин тоифаи бадкирдорон яке аз авбошони номӣ Боқири бадахшонӣ бо ҳамподаҳояш ҷойгир аст, ки ҷиноятҳояшон кайҳо боз ошкор шудаасту танҳо интизори фурсати муносиби ҷазо мебошад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои базъзе афроди нохалаф, ки кӯчаи мардонагӣ ва ватандорӣ нагузаштаанд, аз Боқири ҷинояткор қаҳрамони халқ метарошанд, гарчанде ҳуқуқи маънавии суханронӣ дар ин мавзӯро надоранд. Зеро, дур аз Ватан овораю сарсон, бехабар аз ҳақиқати воқеӣ, бидуни ҳиссиёти ватандорӣ бо афзалияти ҳирси пулу мол зиндагӣ доранду ҳаёти онҳо амсоли руҷӯи ҳайвонот ба хӯрок мегузарад. Фарҳангу фитрати инсонӣ дар онон зиёд нест, вагарна дар Ватани аҷдодӣ гӯшае обод мекарданду аз худ нишоне мегузоштанд.

Аҷибовар аст, ки дар давраи пуртаҳлукаи оғози паҳншавии бемории сироятии коронавирус ягон нафар аз ин суханпардозони дур аз Ватани аҷдодӣ садое баланд накарданд. Ҳатто бар ивази дасти мадад нисбати тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯрдагирӣ мекарданду натавонистанд ба қадри дираме ба мардум нафъ оваранд. Имрӯзҳо бешармона худро узви ҷомеаи сулҳпарвари Тоҷикистон мехонанду нангу номус гум кардани худ ифшо месозанд. Қаробати онҳо бо тӯдаи авбошони Боқир яқин аст, ки дар олами вуҳуш низ ба худ сартӯда интихоб карданианд.

Итминони комил дорам, ки дар рӯзҳои наздик вазъият дар Бадахшон орому осуда мегардаду тӯдаи Боқири авбош мувофиқи амалҳои ҷиноятӣ сазои мувофиқ хоҳанд гирифт. Зеро, подоши заҳмати мардуми Бадахшон мебояд зиндагии осоиштаи зеби табиати беҳамто бошад. Амалҳои ҷиноию иғвогариҳои Боқиру ҳамтӯдаҳояш, сухану садоҳои ноҷавонмардонаи пуштибонҳои ӯ бо тезӣ аз хотираи мардум сутуда мегардаду фазои орому осуда дар Бадахшон ҳукмфармо хоҳад шуд.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ