Сазои амалҳо
Фард давоми ҳаёти худ дар алоқамандӣбо сарнавишту тақдир, ирсияти авлодӣ, муҳити бавоярасӣ, тарбияти волидайн, дараҷаи илму дониш ва фарҳанг амалҳои муайянеро ба анҷом мерасонад, ки дар оқибат номаи аъмолаш барои бароҳат тарк намудани дунёи фонӣ ва фароғати олами баъдимаргӣ мувофиқарзиш бошад. Мутаасифона на ҳар фардро ин иқболи баланд насиб мегардад, вале мебояд дар роҳи расидан ба ин қисмати шоиста пайваста талошу ҷойкоҳӣ намуд. Танҳо, набояд фаромӯш кард, ки аъмоли худ дар тарозуи адлу виҷдон баркашид ва мутобиқ ба он "рафтори нек, пиндори нек, гуфтори нек" намуд. Дар акси ҳол, ҳангоми расиданӣ қосиди марг - Азроил фард сарсону ҳайрон дар талвосаи ҷон мемонад. Мехоҳад аз марг гурезаду амали шоистае анҷом додаву гуноҳҳояшро шустанӣ мешавад.
Роҳбари ҳизби мамнӯи наҳзат, ки ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ фаъолияташ қатъ гардонида шудаааст,Муҳиддин Кабирии палид, ки номи ташкилоташро бо унвони "Паймони миллӣ" иваз кардааст, дар бистаримарг хобидаасту қадамзаниҳоиАзроилро мешунавад. Ин ноҷинси рӯбоҳмиҷоз бар ивази тавбаю истиғфори гуноҳҳо дар дами марг низ андешаи фирефтан ва халосӣ ёфтан аз Азроилро мепарварад.Бо омаданималикулмавт Кабирии рангпарида илтиҷо менамояд, ки ба ӯ фурсатдиҳанд, лоақал як амали савобе баҷо биоварад. Зеро, хуб медонист, ки номаи аъмолаш пур аз амалҳои зишт - фосиқӣ, иғвоангезӣ, дасисабозӣ, ватану мазҳабфурӯшӣ бӯҳтонбофӣ, маккорию палидӣ ва амсоли онҳо асту охираташ оташи ҷаҳаннам асту ҳаргиз аз он халосӣ нахоҳад ёфт.
Маликулмавт Азроил, ки аз аъмоли Кабирии мунофиқ хабардор буд, бонг зад, ки "тамоми умрат мардумфиребиву одамкушӣ мекардиву мехоҳӣ дар фурсати кӯтоҳ аз гуноҳҳоят пок шавӣ?". "Мехостам туро ғарқшудаи баҳр сабаб шуморанд, лек хавотирам, ки оби баҳр олудаи палидию разилият шаваду дигаронро низ сироят намояд. Беҳтараш худат интихоб намо!" бо раҳмдилӣ иброз дошт Азроил. Кабирии муртади маккор бошад, бар тан либоси занона ба бар карда, худро панаҳ ва ба назди Азроил шогирди ҳамҷинсгарояш Иқболбии Садриддинро равона менамояд. Азроилро якбора табъ хира гашт, гӯё иблисеро дида бошад. Зеро, яке аз ин ноҷинсон симою майнаи иблисона дошту дигареро рафтору гуфтор ва амалҳои ноҷинсонаи саропо шайтонигарӣ буд. Азроил мехост бо ҳазар макони наҳзатиён тарк намояд, вале масъулияти вазифа ба ин имкон намедод. Билохир, маликулмавт ҷони Кабирии манҳусро қабз карду Иқболбии ноҷинсро дар ҳолати мадҳушӣ дарёфт ва бо тезӣ ин макони аблаҳонро тарк намуд. Зеро, медонист, ки ин нокасон тӯдаи чоплусонро доранд, ки аз марги сардорашон хурсандӣ мекунанду айшу сафо ва нафси балои худро аз ҳама, ҳатто аз Офаридгорамон авлотар медонанд.
Яқин гардид, ки ҳатто маликулмавт аз наҳзатиёни палид ҳазар доштанаш вобаста ба феъли баднафсию ҳайвонии онҳост, ки ҳатто маргу гӯр ҳам онҳоро ислоҳ натавонад кард.
Собиров М. С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”