​Сарнавишти ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ: аз сууд то сукут

Истиқлолияти давлатӣ, хоса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳамин ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар баробари ин, бо баргузории ҳамоиши байналмиллалии “Пажӯҳише дар тамаддуни бостон: дирӯз ва имрӯз” Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки чорумин ҷашни бостонии мо Тиргон, ки фасли тобистон ҷараён мегирад, эҳё карда шавад.

Сада ҳамроҳ бо се ҷашни дигари ниёкони мо Наврӯзу Меҳргону Тиргон баробари дорои таърихи куҳан будан, аз суннат ва оинҳои махсуси марбут ба табиат бархурдор аст, ки новобаста ба мушкилот ва муқовиматҳои фикриву динӣ дар масири таърих то замони мо омада расидааст. Вақте ба сарчашмаҳои таърихӣ ва осори адабӣ мурур мекунем, маълум мешавад, ки бештар дар манобеи таърихиву адабии Х-ХIII дар бораи ин ҷашни куҳани мо зикри маълумот рафтааст ва асосан шуарои ҳамин асрҳо бештар дар қасоиди хеш ситоишу қадрдонии худро аз мамдуҳонашон ба ин ҷашн ишорат намудаанд ва ё эшонро қабл аз сутудан ба муносибати ин иди куҳани миллии мо таҳният гуфтаанд. Кам шудан ё аз байн рафтани зикри ахбор дар сарчашмаҳо ва ё ҳатто аз миён рафтани ин амалкард, албатта, ба пайванд додани оини асосии ин ҷашн, яъне оташафрӯзӣ ба тақаддуси оташ дар дини зардуштӣ рабт мегирад, ки боис ба муқобилияти ин оини қадимаи ниёкони мо дар даврони баъдии исломӣ гардидааст. Аммо дар асл ин оташафрӯзии ҷашни Сада ҳеҷ робитае ба оини зардуштӣ надорад ва он танҳо як расми муқаддас доштани як унсури офариниш, яъне оташ ба шумор меравад, ки ба номи Ҳушанг марбут аст. Ин шоҳи каёнӣ чун яке аз аркони аслии табиат- оташро кашф карда буд, ки барои зиндагонии инсон ва таъмини рӯзгори он муҳим аст, ба ин муносибат ҷашни Сада ба зуҳур расид. Чунин бархурдҳо ба оини оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ҳатто ба рӯзгоре, ки ҳанӯз таҷлили он роиҷ буд, оғоз ёфта буданд, ки ба ин матлаб дар яке аз қасоиди Унсурӣ ба мадҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гувоҳ аст. Ӯ дар ин қасида ба таври сареҳ ишорат мекунад, ки хоҳиш дорам то туро ба ҷашни деҳқону зиннати баҳман табрик кунам, аммо мебинам, ки оини нав қавитар аст:

Худойгони бузург, офтоби давлату дин,

Имоми асри Худованд, Хусрави зулман.

Худойгон, гуфтам, ки таҳният гӯям,

Ба ҷашни деҳқону оини зиннати баҳман.

Ки андар ӯ бифурӯзанд мардумон маҷлис,

Ба гавҳаре, ки бувад сангу оҳанаш маъдан.

Чу ҳамлаи ту қавиву чун адли ту беайб,

Чу ҳиммати ту баланду чу рои ту равшан.

Ба барзане, ки аз ӯ андаке биафрӯзанд,

Ба нур то фалаки моҳ барзанад барзан.

Чунин ки бинам оини ту қавитар бувад,

Ба давлат андар зи оини Хусраву Баҳман.

Ту марди диниву ин расм расми габрон аст,

Раво надорӣ бар кеши габракон рафтан….

Аз ин бахши қасидаи Унсурӣ чанд нуктаи муҳими таърихӣ равшан мешавад. Дар назари аввал ҳамин шоир Унсурӣ аст, ки дар қасидаи дигаре аз худ таъкид мекунад, ки:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Аз ин ишорат равшан ҳувайдост, ки Сада ҷашнест, ки қабл аз зуҳури оини зардуштӣ будааст, чун ба таъбири худи шоир «аз Афридуну Ҷам ёдгор» аст. Аз ин рӯ он ҳеҷ робитае ба оини маздоясно надорад. Танҳо вуҷуди оташафрӯзӣ дар ҳар ду боис шудааст, ки ихтилофи назарҳо ба миён омада, боис ба монеаҳои зиёд ба таҷлили ин ҷашн гардад. Таъкиди дигари Унсурӣ дар қасидаи дувум ҳақиқати ин матлабро ошкор мекунад, ки он дар замоне навишта шуда, ки аллакай ҳуҷумҳое бо ҳамин сабаби пайванд додани оинҳои Сада ба дини зардуштӣ оғоз шудаанд. Бар асоси матолиби сарчашмаҳои таърихӣ чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар масоили динӣ таассуби зиёд дошт ва ҳарчанд таҷлили Садаро дар замони хеш иҷозат дода буд, аммо баъдтар онро маҳдуд намуд ва танҳо пас аз марги вай писараш Масъуд дигарбора ҷашни Садаро эҳё кард, ки он муддате давом ёфт. Ҷолиб аст, ки ҳатто Унсурӣ барин шоире, ки ин ҷашнро оини ниёкон номида буду ёдгоре аз Фаридуну Ҷамшед, минбаъд шояд таҳти таъсири ҳамин андешаҳо қарор мегирад ё ба эҳтимоли зиёд аз тарси таассуби динии Султон Маҳмуд ҷашни Садаву оини оташафрӯзии онро ба оини габрон нисбат медиҳад. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ низ дар мақолаи худ ин шеваи муносибати Унсуриро таҳти таъсири сиёсати Маҳмуд қарор гирифтани ӯ ба шумор оварда, чунин навиштаанд: «Аммо ҳамин Унсурӣ шояд таҳти таъсири дигарон қарор гирифтааст, ки дар қасидаи дигараш ҷашни Садаро сарзаниш менамояд. Баръакс, сиёсати Маҳмудро дар муқоиса бо оташи Сада баландтар донистааст:
Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гӯям....” (2)

Ҳамин тавр, Унсурӣ шоире, ки қаблан бо ифтихор аз Сада чун ҷашни мулуки номдори худи ёд карда буд, таҳти таъсири ғояҳои Султонмаҳмуд дар давоми қасида онро ҳатто расми бегона унвон мекунад ва намедоҳад, ки бо ин “оини бегона” шоҳи хешро мадҳ ва табрик гӯяд:

Ҷаҳониён ба русуми ту таҳният гӯянд,

Туро ба расми касон таҳният нагӯям ман.

На оташ аст Сада, балки оташ оташи туст,

Ки якзабона ба тозӣ занад яке ба Хутан.

Ин муносибат ва рафтори Унсуриро адабиётшиноси номвари тоҷик Аҳмад Абдуллоев чунин шарҳ додааст: «Унсурӣ ҷашни Садаро «расми габрон» номида, расми нави Маҳмудро, ки ба дини ислом асос ёфтааст, қавиву пурзӯр ҳисобидааст. Вай ишора кардааст, ки бо расми шоҳони гузаштаи бостонӣ Маҳмудро таҳният нахоҳад гуфт, баръакс расми нави ӯ лоиқи таҳсину офарин аст; оташи Сада дар назди оташи сиёсати Маҳмуд, ки як забонааш ба арабу дигараш ба Хутан аст, ҳеҷ аст. Унсурӣ барои дастгирии сиёсати Маҳмуд ошкоро Садаро, ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобидааст ва ба ҷояш расму суннати динии маҳмудиро тарғиб намудааст» (1,127).

Бояд гуфт, ки ҷойгоҳи ҷашни Сада дар сурудаҳои суханварони асрҳои Х-ХI аз ҷониби донишманди ховаршиноси рус Е. Э. Бертелс ба таври амиқ таҳқиқ шуда, ҳатто мутуни аксари қасоиди шуарои ин давр, ки бозтоби ин ҷашни миллии мардумони ориётабор нақши муҳим дорад, ба забони русӣ тарҷума шудааст.

Аммо бо ин ҳама бархурдҳои фаровон ба ин ҷашну оини миллии мо, ки дар асл ба дини зардуштӣ пайванд надорад ва қабл аз зуҳури ин дин ба унвони ҷашни кашфи оташ, ба таъбири мардум чиллагурезони офтоб ва паёмовари баҳору Наврӯз мавҷуд будаву танҳо як рукн ва унсури муҳими табиат ба шумор меравад, то замони мо омада расид. Ба андешаи мо, нақш ва мақоми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун ҳамосаи миллӣ ва асари ҷовидонии адабиёти гузаштаи мо барои шинохти асолати ин ҷашн ва давом ёфтану абадияти Садаи бузург муҳим ва муассир арзёбӣ мешавад. Дар баробари ҳамаи он устураҳое, ки роҷеъ ба ҷашни Сада мавҷуданд, ки ба нукоте аз онон дар мақолаи дигари инҷониб «Ҷашни Сада талояи Наврӯзи Навбаҳор» рафтааст. Муҳимтарин асотире, ки Фирдавсӣ ба он ҳамчун ҷашни кашфи оташ арҷ гузоштаву онро нақл мекунад, ҳамон аст, ки дар достони Ҳушанг омада. Ҳатто ин бахшро дар бархе нашру нусхаҳои «Шоҳнома» «Гуфтор андар ниҳодани ҷашни Сада» унвон кардаанд. Ҳарчанд дар бораи пайванди ин достон ба асли «Шоҳнома» нақду назарҳое ҷой доранд, ки онро котибони ин ҳамосаи миллӣ баъдан илҳоқ намудаанд, вале мавҷудияти худи устураи кашфи оташ ва мансубияти он ба Ҳушанг яке аз муҳимтарин достоне ба шумор меравад, ки нахуст кашфи оташро ҳамчун унсури табиат бозгӯӣ мекунад ва аз сӯи дигар, қидмати ин ҷашнро нисбат ба оини зардуштӣ таъкид месозад.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи донишмандони шоҳномапажӯҳ аз 13 нусхаи муътабари хаттии дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузи «Шоҳнома» дар 9 нусхаи он достони кашфи оташ аз сӯи Ҳушанг нақл шудааст, ки ин худ гувоҳ бар асолати матни он мекунад. Донишманди шоҳномашинос Абулфазли Хатибӣ дар мақолае аз худ бо номи «Оё ривояти ҷашни Сада дар «Шоҳнома» илҳоқӣ аст», бо чанд далели муҳкам ва бо такя бар нусхаҳои куҳан ин нуктаро собит мекунад, ки бар асоси пайванди муҳками достони мазкур ба бандубасти куллии достонҳои «Шоҳнома» ҳам аз назари сабкиву сохторӣ ва ҳам муҳтавоӣ, инчунин зикри он дар нусхаҳои қадимии ҳамосаи миллӣ қатъан ин бахш моли худи Фирдавсӣ аст. Ҳатто далели дигареро ӯ бо такя бар як шеъри шоири қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, Маҷди Хамгар меоварад, ки маҳз ҳамин достони нақлнамудаи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» боис шудааст, ки дар он замон аз ҷашни Сада огаҳӣ пайдо кунем:

Сухан зи шоири Тӯс ошкор гашт, ар на,

На маънии Сада монаду на сурати Монӣ. (4, 11)

Ҳамин тавр, аз ин мулоҳизаҳо бармеояд, ки ҳарчанд дар сарчашмаҳои таърихиву адабии дигар аз ҷашни Сада ёд шудааст, аммо зикри ҳамин ривояти манзум дар бахши достони Ҳушанги «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ онро баробари ҳамчун сарчашмаи муҳими шинохти ин оини ниёкони мо муаррифӣ намуда, хидмати сарояндаи онро дар таъмини ҷовидонагии ин ҷашни бузург ва сабти он дар саҳифаҳои таърих муқаррар ва муҷассам месозад.

Албатта, шеваи зикри достон дар нусхаҳои мухталиф ва нашрҳои «Шоҳнома» бо гунаҳое дигар сурат гирифтааст, ки ин мавзӯи баҳси матншиносии он аст. Вале дар умум, ҳарчанд бархе аз абёт дар нашрҳои гуногуни «Шоҳнома» ҳазф шудаанд, ё дар нашрҳое афзудаҳое ба чашм мерасад, ба таври куллӣ он дар баъзе нусҳаҳо дар 21 байт дар бархеи дигар дар 18 байт нақл шудааст, аммо ин нукта мусаллам аст, ки ҳамон хати сужаи устураи маъруфи кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг дар ҳар ду маврид ҳифз шудааст. Ба таъбири дигар, сохтор ва муҳтавои аслии достони мазкур дар ҳамаи нашру нусхаҳои “Шоҳнома”, ки ин қисса нақл шудааст, ягона ва комил аст. Фаридуни Ҷунайдӣ шоҳномапажӯҳи номвар устураи мазкурро дар ҳошияи ҳамин бахши достони Ҳушанг чунин нақл карда:

“Рӯзе Ҳушанг дар кӯҳ море дарозро мебинад, ки ду чашмаш чун ду чашмаи хун менамуд ва аз дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун буд. Вай санге ба сӯи вай партоб мекунад ва санг бар санге дигар мехӯрад ва оташе аз он меҷаҳад ва ҳамон оташро бармегиранду чубҳои хушкро ба он дармегиронанд ва оташ ба пайдоӣ меояд. Пасон оташе бузург барпо мекунад ва ҷашни Сада ёдгори он рӯзгор аст”. Достон ба таври куллӣ дар “Шоҳнома” чунин нақл шудааст:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар ду чашмай хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг

Гирифташ яке сангу шуд пеш ҷанг.

Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Яке аз далоили гурӯҳи ҷонибдори илҳоқӣ будани ин достон ба “Шоҳнома” ҳамин байт аст, ки гӯё вожаи хурд ба такрор дар мақоми қофия омадааст, ки ин хоси сабки “Шоҳнома” намебошад. Шоҳномапажӯҳ Абуфазли Хатибӣ бо такя бар “Луғатнома”-и Деҳхудо, ки ҳамин байтро барои ду маънии вожаи “хурд” шоҳид овардааст, ки навишта, ки “хурд” дар мисраи якум сифати санг аст ва дар мисраи дувум қайди шикастан”. Ба гумони нигоранда дар мисраи дувум “хурд шикастан” ба маънии рез-рез кардан ё шуданро метавонем феъли мураккаб ангорем, ки дар ҷои дигари “Шоҳнома” ба кор рафта ва ҳам чандин шоҳид (беш аз 10 то) аз он дар мутуни куҳан ҳаст”. Баъдан, чанд намунаи дигар аз ашъори Фирдавсӣ ба шоирони дигар бо ҳамин шакли “хурд шикастан” меоварад. Аз ҷумла, ин байт аз Мавлонои Балхӣ:

Чун асо шуд олати ҷангу нафир,

Он асоро хурд бишкан, эй зарир.

Аз мантиқи сухани Фирдавсӣ ҳам пайдост, ки ин ҷо вожаи хурд дар таркиби “бишкаст хурд” ба маънии реза -реза шудан омада ва ӯ таъкид медорад, ки вақте санги гарон ба санги хурд бархурд, ҳам ин сангу ҳам он санг реза – реза шуданд. Баъдан дар идомаи достон таъкид мешавад, ки аз он бархурд фурӯғе падид омад:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Аз ин табъи санг оташ омад фароз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ӯ рӯшаноӣ падид омадӣ.

Вақте Ҳаким Фирдавсӣ достонро то ин ҷо нақл мекунад, ба зикри ҳолу ҳавои Ҳушанг мепардозад, ки ӯ ба пеши Офаридгор дасти дуо бардошту сано хонд, ки чунин фурӯғро барояш ҳадя дод, ки аз ҷумлаи муҳимтарин лузумоти зиндагонии башарият аст. Ин ҷо чун Ҳушанг агар онро фурӯғи эзадӣ унвон мекунад ва ба парастидан талқин мекунад, на маънии онро дорад, ки оташ дар мақоми Худованд аст. Худи ӯ ҳам сареҳан ишорат мекунад, ки ин оташ фурӯғи эзадист, на худи Эзад.

Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ.

Баробари ин, ба таъкиди Фирдавсӣ Ҳушанг ба даргоҳи Худованди ҷонофарин ниёиш мекунад ва аз кашфи оташ ҳамчун унсури офариниш шукргузорӣ менамояд. Ба ин хотир, талқини шоир барои тақаддуси оташ ё парастидани он на ба маънии он аст, ки онро чун Худо бояд парастид, зеро ин ҷо вожаи парастидан маънии муқаддас доштанро ҳамчун унсури офариниш дорад. Ончунонки дар адабиёти ирфонии мо Офтоб, Ҷом ва ҳар чӣ дорои ранги нур ва рушанӣ аст, мазҳари таҷаллӣ дониста мешавад. Ҳаким Фирдавсӣ ҳам чун як шоири миллии мо ин ҷанбаи достонро тақвият медиҳад ва симои Ҳушангро ҳамчун як чеҳраи миллӣ таҷассум мекунад, ки кашфи яке аз аносири офариниш, яъне оташ ба номи ӯ нисбат дорад ва ин рамзи ифтихори шоён аст. Ҳамин тавр, нахустин шоми таҷлили ҷашни Садаро, ки ба кашфи он аз сӯи Ҳушанг марбут аст, чунин тасвир мекунад:

Шаб омад бирафрухт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард,

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард. (6,46)

Достони кашфи оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада, ки дар “Шоҳнома” рафтааст, аз чанд ҷиҳат қобили аҳамият аст. Аз назари аввал, ин ягона достонест, ки ба ҳақиқат ва ҷаҳвари оинҳои ҷашни Сада ишорат мекунад, зеро маҳз расми аслии оташафрӯзӣ дар ҳамин достон муфассал ва сареҳан нақл шудааст. Устураҳои дигари марбут ба ҷашни Сада, ки ба Каюмарсу Ҷамшед нисбат дода мешаванд, камтар ба асли ин ҷашн иртибот доранд. Нуктаи муҳими дигари нақли ин достон дар “Шоҳнома”, ки ҳамосаи миллии мост, дар он зоҳир мешавад, ки маҳз тавассути иншои ин шоҳасари бузург дар баробари дигар ҷашну маросим ва оинҳои миллӣ ин оини нодири ниёи мо эҳё ва идома касб намуд. Муҳимтар аз ҳама дар достони “Ҳушанг” нақл шудан ва нисбати ин ҷашн ба шоҳи бузурги ориёӣ аслу ҷавҳари ин оини миллии моро ҷилвагар месозад, ки он ҳеҷ робитае ба дини зардуштӣ надорад, балки ҷашнест, ба ифтихори кашфи яке аз аносири ҳастӣ- оташ барпо шуда, бо табиат иртиботе қавӣ гирифтааст. Ин ҷашнест, ки сарчашмаи он ба нуру рӯшанӣ пайванд ёфта, аз омадани баҳору рӯшаниву гармиву Наврӯз паём мерасонад.

Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар чандин мавоиди дигар дар бораи мавҷудияти ҷашни Сада ва идомаи он миёни мардумони ориёитабор сухан ва меравад. Ҳар ҷо ки Фирдавсӣ аз он ҷашн ва расму оинҳои он ёд мекунад, ҳақиқатҳои таърихӣ равшан мегарданд, ки минбаъд ин оини неки ниёи мо ба ҳар шева дар даврони мухталиф идома пайдо кардааст. Аз ин нуқтаи назар, “Шоҳнома” як сарчашмаи муҳими таърихие низ дар шинохти ҷашни Сада аст, ки идомати он, мақоми таърихӣ ва ҳатто сууду таназзули онро бо ҳар шева тафсир мекунад. Масалан, зимни зикри “подшоҳии Луҳросп” аз шеваи баргузории ҷашни Сада дар замони ӯ дар Балх сухан мекунад, ки ба таъкиди ӯ шоҳ Луҳросп ин ҷо шаҳристоне месозад, ки он ҷо макони барафрӯхани оташ ё оташкадаҳо, бозоргоҳ будааст. Барзан аслан дар луғат ба маънии маҳалла аст ва дар гузашта маҳалаҳое аз шаҳрро низ мегуфтаанд. Барзин бошад, оташро гӯянд. Ин ҷо Фирдавсӣ ҳатто таъкид медорад, ки дар ҳар барзан, яъне маҳаллаҳо барои баргузории ҷашни Сада ва афрӯхтани оташ ҷой гузошта буданд:

Бибуданд бекор чанде ба Балх,

Зи дониш чашиданд ҳар шӯру талх.

Яке шорасоне баровард шоҳ,

Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.

Ба ҳар барзане ҷои ҷашни Сада

Ҳама гирд бар гирд оташкада.

Вақте Луҳросп ба Балх омад, айёми ҷашни Сада буд. Ӯ оташе бо номи Барзин афрӯхт, ки бемисл буд ва тавассути он оини ниёи хешро гиромӣ доштанд:

Яке озаре сохт Барзин ба ном,

Ки буд бо бузургиву бо фарру ком.

Зикри таъбири “ҳама гирд бар гирд оташкада” дар ин ҷо дар назари аввал ишорат мекунад, ки қабл аз оини зардуштӣ оташкада асосан ба маънии ҷой ё макони барафарӯхтани оташ дар маросимҳои ҷашни Сада будааст, чун аз зикри мукаррари он дар “Шоҳнома” равшан мегардад, ки ин ҷашни миллии ниёкони мо дар бахши таърихи ҳамосаи миллии мо бештар нақл шудаву аз таҷлили шукӯҳманди он сухан меравад. Ин маъниро худи Фирдавсӣ дақиқан дар бахши “Дар шинохтани Ҳумой писарро” баён мекунад ва мефармояд, ки ҳар ҷое, ки оташкада аст, ҷашни Сада баргузор мешавад. Аз ин рӯ, аз ишораи баъдии Фирдавсӣ маълум мегардад, ки яке аз муҳимтарин оинҳои ҷашни Сада низ анҷоми амалҳои хайр ва бахшидани инъомҳо ба шумор мерафтааст:

Бо ҷое, ки донист оташкадаст,

В-агар занду устову ҷашни Садаст.

Бубахшед ганҷе бар ингуна низ,

Ба ҳар кишваре бар пароканда чиз.

Дар ҷараёни нақли достони “Дар андарз кардани Доро Искандарро ва мурдан” низ Фирдавсӣ дар баробари нақли нукоте муҳиму таърихӣ ҳатто аз номи вай васият мекунад, ки дар баробари ҳамаи корҳои дигар бояд ҷашнҳои Наврӯзу Садаро бо ҳамон суннату оинҳои хоси хеш нигоҳ дорад:

Зи ман поктан духтари ман бихоҳ,

Бидораш ба ором дар пешгоҳ.

Куҷо модараш Равшанак ном кард,

Ҷаҳонро бад-ӯ шоду пидром кард.

Наёбӣ зи фарзанди ман сарзаниш,

На байғора аз мардуми бадкуниш.

Ки парвардаи шаҳриёрон бувад,

Ба раъй афсари номдорон бувад.

Магар з-ӯ бубинӣ яке номдор,

Куҷо нав кунад номи Исфандёр

Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада

Ҳамон фарру Наврӯзу оташкада.

Аз ин бахши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ нуктаи дигаре, ки дар робита ба ҷашни Сада маълум мегардад, ин ҷашни миллии мо дар даврони ҳукумати Сосониёни ривоҷ ёфтаву амирони ин хонадон низ дар идомаи суннатҳои он дар баробари дигар оинҳои ориёӣ нақши муассир гузоштаанд. Аз ҷумла, ҳангоми нақли воқеаи “Ҷанги Ардашер бо Ардавон ва кушта шудан Ардавон” манзараеро тасвир мекунад, ки мутобиқи он Ардашер шаҳристони пур аз коху боғ бунёд ва дар он ҳам оташкадаҳо месозад. Аз иттилои Ҳаким Фирдавсӣ маълум мешавад, ки Ардашер ин ҷашни куҳани аҷдодиро аз нав эҳё кардааст, чун таъбири “бар ӯ тоза шуд меҳру ҷашни Сада “ ифодагари он аст, ки дар рӯзгори ин шоҳи Сосонӣ ин оинҳои аҷдодӣ аз нав зинда гардиданд:

Яке шорисон кард пур коху боғ.

Бад-ӯ андарун чашмаву дашту роғ.

Ки акнун гаронмоя деҳқони пир,

Ҳамехондаш хурраи Ардашер.

Яке чашмаи бекарон андаруй,

Фаровон аз он чашма бигшод ҷӯй.

Баровард бар чашма оташкада

Бар ӯ тоза шуд Меҳру ҷашни Сада.

Ҳамин маънии тоза шудан ё эҳёи ҷашни Сада дар бахши “Куштани Ардашер Ҳафтводро” низ таъкид мешавад ва маълум мегадад. Ин ҷо аз бунёди оташкада сухан меравад, ки аз он манзур эҳёи ҷашни Сада ва маконҳои барфурӯзандаи оташ аст, на талқини оинҳои динӣ:

Зи пурмоятар ҳар чӣ бад дилпазир,

Ҳаметохт то хирраи Ардашер.

Бикард андар он кишвар оташкада,

Бар ӯ тоза шуд Меҳргону Сада

Супурд он замон кишвару тоҷу тахт,

Бад-он мизбонони бедорбахт.

В-азон ҷойгаҳ рафт пирӯзу шод,

Бигустурд бар кишвари Порс дод.

Дар идомаи достонҳои таърихии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамеша зикри оинҳои Наврӯзиву Сада ба унвони ҷашнҳои бузурги миллӣ сухан меравад ва маълум мешавад, ки дар канори ҷашни Сада ба оростан ё бунёди оташкадаро ишорат мекунад. Ин таъкиди Фирдавсӣ ҳамон андешаи моро тақвият медиҳад, ки вожаи оташкада пеш аз ҳама дар ин даврон ба унвони макони афрӯхтани оташ ё ҷои таҷлили ҷашни Сада муаррифӣ мешавад, на ибодатгоҳи Зардуштиён. Аз ҷумла, достони “Зода шудани Ҳурмузди Шопур аз духтари Меҳрак” ба ду мафҳум дучор мешавем, ки яке “айвони Наврӯз” ва дувуми “кохи Сада” мебошад. Аз ин ҷо равшан аст, ки дар ин давра ҳар ду ҷашни миллии мо, яъне Наврӯз ва Сада дар маконҳои махсус таҷлил мешуданд. Бори дигар дар мисраи аввал ба “оростани оташкада” таъкид намудани шоир ҳамоно макони баргузории ҷашни Сада, яъне кохи Сада ба шумор рафтани онро собит мекунад:

Ба дунё биёрост оташкада,

Ҳам айвони Наврӯзу кохи Сада.

Дар достони “Панд кардани Яздигурд Баҳром ва боз омадан аз назди Манзар” бошад, аз номи Яздигурд ин нуктаро таъкид мекунад, ки магар он сол рӯйи падарро надида буд, ки хастаҷигар менамуд. Ин ҷо ҳам равшан мегардад, ки барои ифодаи ҳолу ҳавои хуш ва айёми хушрӯзӣ руҷуъ ба ҷашни Наврӯзу Меҳргону Сада мекунад ва чун ин ҳолу ҳавои Яздигурд дар айвон сурат мегирад, маълум мешавад, ки ин ҷо айвон барои ифодаи макони Наврӯзгоҳу ҷашни Сада омада.

Ҳолати Яздигурдро дар ин айвон чунон тасвир мекунад, ки гӯё дар ҷашни Меҳргону Наврӯз ё Сада аст, ки андар миёни мардум пеш меравад:

Падар чун бидидаш ба ҳам бурда чашм,

Ба тундӣ яке бонг барзад ба хашм.

Ба дажхим фармуд к-ӯро бубар,

К-аз ин пас набинад кулоҳу камар.

Ба айвон ҳаме буд хастаҷигар,

Надид андарон сол рӯй падар

Магар Меҳру Наврӯзу ҷашни Сада

Ки ӯ пеш рафтӣ миён рада.

Ин нукта шореҳи матлабест, ки дар замони Яздигурд низ ин ҷашнҳои миллии мо дар маконҳои хос ҷараён мегирифтаанд, ки онҳоро айвон ё коху Наврӯзгоҳҳо ном мебурдаанд. Дар идомаи ҳамин достон, дар бахши “Падруд кардани Баҳром Гӯр Манзар ва Нӯъмонро” манзарае тасвир мешавад, ки ҳар касе аз ҳолу ҳавои Баҳром огаҳ шуд, ба ӯ офарин хонд ва ҳамаи мардум ба макони оташкада, яъне айвони Наврӯзу ҷашни Сада рафтанд. Ҳамин ҷо Фирдавсӣ дақиқан ҳамон андешаро тафсир мекунад, ки манзур аз оташкада дар гузашта ҳамон ҷойҳои баргузории идҳо, яъне айвони Наврӯзу ҷашни Сада будааст:

Чу огоҳ шуд з-он сухан ҳар касе,

Ҳаме офарин хонд ҳар кас басе.

Бирафтанд яксар ба оташкада,

Ба айвони Наврӯзу ҷашни Сада.

Ҳама мушк бар оташ афшоданд,

Ба Баҳром мар офарин хонданд.

Ин нукта ҳангоми тасвири “Бозгаштани Баҳром Гӯр ба Эронзамин” боз равшантар муҷассамт мегардад. Фирдавсӣ сареҳан таъкид мекунад, ки чун оташакада ҳамчун макони баргузории ҷашнҳои Наврӯзу Сада сохта шуд, ҳама ба он ҷо рӯй оварданд:

Чу шуд сохта кори оташкада,

Ҳамон ҷои Наврӯзу ҷашни Сада.

Биёмад сӯи озар ободгон,

Худу номдорону озодагон.

Ин ҷо маълум мегардад, ки агарчӣ дар баъзе даврони таърихӣ Наврӯз дар айвонҳои махсус ва Сада дар оташкадаҳо таҷлил мегардад, вале рӯзгоре ҳам фаро омадааст, ки ҳарду ҷашн дар як макон, яъне оташкадаҳо ҷашн гирифта мешудааст.

Дар достони “Бозгаштан Қубод аз Ҳайтол ва зодани Кисрову Нушинравон” низ Фирдавсӣ аз Наврӯзу ҷашни Сада ёдовар мешавад, ки вақте ба Рум лашкар кашид, ҳатто дар он ҷо ду шаҳре бисохт ва он ҷо оташкадае бунёд ниҳод. Дар ҳамин ҷост, ки Фирдавсӣ боз ҳам оташкадаро бузургии Наврӯзу ҷашни Сада унвон мекунад. Ин ҷо низ ба рӯшанӣ ҳувайдо мегардад, ки оташкада ҳамон наврӯзгоҳ ва ё кохи таҷлили Сада будааст:

В-азон пас биовард лашкар ба Рум,

Шуд он бора ӯро чу як муҳра мум.

Ҳамекард аз он буму бар хорсон,

Аз ӯ хост зинҳор ду шорисон

Яке ҳиндиёву яке фориқин,

Биёмухташон Занду бинҳод дин.

Ниҳод андар он марз оташкада,

Бузургиву Наврӯз, ҷашни Сада.

Ин нукта як амри муҳимро мусаллам мегардонад, ки шоҳону амирони гузаштаи мо ба ҳар ҷое ё кишваре мерафтаанд, на ҷангу ҷидолу душманӣ, балки расму оинҳои миллии моро ба хотири тантанаи дӯстӣ таблиғи мекардаанду онро побарҷо мегузоштаанд, ки ин оин ба қавле аз Куруши Кабир ба ёдгор монда:

Дар достони “Фиристодани Баҳром Чӯбина Фирӯзномаро ба сари Совашоҳбошад ҳақиқати таърихии нуфузи ин ҷашнҳо дар замони шоҳони сосонӣ ошкор мегардад, ки хеле қобили таваҷҷуҳ аст. Ин ҷо сухан аз масрафу хароҷоти зиёди шоҳони Сосонӣ барои пойдории ҷашнҳои миллӣ меравад, ки дар рӯзҳои ин ҷашн ва файзу шарофати он корҳои хайру эҳсонкорӣ менамуданд. Ба мушоҳида мерасад, ки аз сад ҳазор дирам Баҳром сеяки онро ба дарвешон дода, сеяки дигарашро барои таҷлили Наврӯзу ҷашни Сада масраф мекунад. Манзури Фирдавсӣ аз “ба пеши оташкада гузоштан” боз ҳам таъкид барои оростагирву барпоии ин ҷашнҳо сарф шудани ин маблағро мебошад:

Баровард ганҷи дирам сад ҳазор,

Зи ганҷе, ки буд аз падар ёдгор.

Сеяк з-он дирамро ба дарвеш дод,

Парастандагонро дирам беш дод.

Ва дигар сеяк пеши оташкада,

Ҳамон меҳри Наврӯзу ҷашни Сада.

Дар бахше аз достони марбут ба “Шируя бо Ширин, зани Хусрави Парвез” бошад таъкид мешавад, ки дар замони Сосониён барои баргузории ҷашнҳои Наврӯз ва Сада пеш аз ҳама бандиёнро озод ва ононро дилшод мекарданд. Манзур аз ин амал ҳамоно анҷоми эҳсонкорӣ ва ба дарвешон додани хайрот аст, ки дар достони Баҳром низ зикр шуд. Маълум мешавад, ки ин шева ҳамеша дар ин давра ривоҷ доштааст, ки боз ҳам Фирдавсӣ аз он ҳикоёт мекунад. Ба таъкиди Фирдавсӣ барои барҷоии Наврӯзу ҷашни Сада ба оташкада бахшидани бархе аз хайрот ҳамоно мусоидат бар шукӯҳи таҷлили ин оини дерини ниёкони мост:

Ба хона шуду банда озод кард,

Бадон хоста бандаро шод кард.

Дигар ҳарчӣ будаш ба дарвеш дод,

Бад-он к-ӯ варо хеш буд беш дод.

Бубахшид чанде ба оташкада,

Чи барҷой Наврӯзу ҷашни Сада

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ, ки дар “Шоҳнома” таваҷҷуҳи моро ба худ мекашад, ин аст, ки Фирдавсӣ ҳатто замони суқути муваффақатии оини Садаро пешгӯӣ мекунад ва агар аз оғоз то ба охири ин ҳамосаи миллӣ нигарем, тамоми таърихи куҳани расму оинҳои миллии мо дар он муҷассам аст. Дар достони “Хоб дидани Нӯширвон ва гузориши Бузурҷмеҳр ва пайдоиши Муҳаммад (с)” баробари зикри омадани дини мубини ислом ва аз даст рафтани тоҷи Кисрову тахти Қубод барафтодани расму оинҳои Садаву хокдон шудани оташкадаҳоро зикр мекунад, ки ба замони нузули шаҳомати ин ҷашнҳо таъкид меварзад:

Пас аз вай зи ту як набера бувад,

Ки бо пилу кӯсу табира бувад,

Сипоҳе битозад бар ӯ аз Ҳиҷоз,

Агарчи надорад силоҳу ҷиҳоз.

Зи тахт андар орад мар ӯро ба хок,

Зи гурдон кунад мар ҷаҳон ҷумла пок.

Биафтад ҳама расми ҷашни Сада,

Шавад хокдон ҷумла оташкада.

Аз ин пешгӯиҳои худи Фирдавсӣ бармеояд, ки манзури ӯ ишоратест барои аз по афтодани оинҳои миллии мо ба замони зиндагонии худи шоир, ки достони муносибати Султон Маҳмуд ҳам ба худи Фирдавсӣ ва ҳам ҷашнҳои миллии мо маъруф аст ва ишороте ба он ҳам рафт:

Ҳамин нукта, дар бахши “Номаи номаи Яздигурд ба марзбонони Тӯс” низ равшан мешавад, ки он ҳамин хоби Анӯшервон дар ин нома тафсир мешавад, ва он воқеаву рӯйдодҳои аҳди аввали исломро тафсир мекунанд:

Ки Нушервон дида буд ин ба хоб

Ки з-ин тахт бипароканд рангу тоб.

Чунон дид к-аз тозиён садҳазор,

Ҳаявони масту гусаста миҳор.

Гузар ёфтандӣ ба Арвандруд,

Ба чархи зуҳал баршудӣ тира дуд.

Ба Эрону Бобил зи кишту дуруд,

Намондӣ худ аз буму бар тору пуд.

Ҳам оташ бимурдӣ ҳам оташкада,

Шуда тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Агарчӣ ин ҷашни пуршукӯҳу мунаввари миллати мо, ки ба кашфи оташ чун як унсури офариниш марбут аст, замоне дар қаламрави таърих сукут кард, вале тавассути корномаҳои барозандаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар эҳё ва на танҳо ба тахтгоҳи таърихии хеш нишаст, балки мақоми манзалати бештаре касб намуда, ба унвони як падидаи нодири фарҳанги куҳан миллати моро имрӯз низ дар арсаи олам муаррифӣ менамояд.

Ҳамин тавр, аз ин баҳсу баррасиҳои марбут ба нақли сарнавишти ҷашни Сада дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ равшан мешавад, ки ин оини неки ниёкони мо аз даврони дури таърихӣ то замони аҳди аввали ислом ривоҷи тамом дошта, аксар хонадонҳои миллии мо онро дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд. Маҳз, мутолеаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба мо пеш аз ҳама таърихи пайдоиш ва ташаккули ин ҷашни ниёи мо, ки ба кашфи оташ ва таваллуди рӯшаниву нур, башорати баҳору Наврӯз иртибот дорад, бозтоб бахшида, нуфузи онро дар қаламрави тамаддуни ориёӣ бозгӯӣ мекунад. “Шоҳнома”-и безавол аст, ки моро ба шинохти ҳақиқати ин ҷашн ва асолати таърихии он раҳнамоӣ месозад, то ба дурустиву сароҳат дарк намоем, ки ин ҷашни миллии мо ҳеҷ як ҷанбаи динӣ надорад, балки як оинии миллии марбут ба табиат аст, ки инсонро ба сӯи рӯшанӣ, нур, сафову покизагӣ ҳидоят менамояд. Баробари ин, танҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аст, ки сарнавишти таърихии ҷашни Садаро аз сууду ҳузураш дар қаламрави фарҳанги ориёӣ то сукути он дар аҳди аввали ислом барои мо бозгӯӣ мекунад. Аз ин рӯ, барҳақ “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷомеътарин сарчашмаи ин ҷашни қадимаи ориёист, ки моро мутолеаи он ба маърифати аслу асолати хеш раҳнамоӣ хоҳад намуд.

Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.

ФЕҲРИСТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри ХI. Душанбе, 1979.
  2. Раҳмонзода А. Раҳмонӣ, Равшан. Эҳёи ҷашни Сада. Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ аст. / Ҷумҳурият. 30.01.2017.
  3. Бертельс Е.Э. Праздник Джашн-и саде в персидско-таджикской поэзии. /Избранные труды. -Москва: Наука, 1988. С. 302-313
  4. Халилӣ, Абулфазл. Оё ривояти ҷашни Сада дар “Шоҳнома” илҳоқӣ аст. /Номаи фарҳангистон. Давраи шонздаҳум. Баҳори 1397, шумораи 3. Саҳ. 131- 152.
  5. Унсурӣ, Абулқосим Ҳасан ибни Аҳмад. Девон. Бо муқаддима ва ҳавошиву таълиқоти доктор Яҳё Қариб. – Теҳрон: Ибни Сино, 1341. – 256 с.
  6. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома.ҷ.1. Вироиши Фаридуни Ҷунайдӣ. – Теҳрон: Бунёди Нишопур, нашри Балх. -1375.-492.
  7. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Манбаи электронии https://ganjoor.net/ferdousi/shahname.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ