​Сарчашмаи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Таҳти ин унвон дар толори Китобхонаи илмии донишгоҳ бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи олимону донишмандон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Қайд гардид, ки Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат» ва ҳамакнун ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», метавонанд ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд.

Сипас, профессор Набизода Ваҳҳоб перомуни мавзуи “Бобоҷон Ғафуров – сарвари аввалини сиёсии Тоҷикистон” баромад намуда, доир ба фаъолияти сиёсии аллома Бобоҷон Ғафуров ибрози назар намуд.

Дар идома дотсент Шавкат Шарипов роҷеъ ба муаррифии асар ва маводи ёриррасон барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» маърӯза намуд.

Дар фарҷом қайд шуд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, дар таърихнигории ватанӣ, ва хориҷӣ шуҳрати хосаро доро буда, дар илми ховаршиносӣ падидаи ниҳоят муҳим ва сарчашмаи боэътимод эътироф гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ